Ректори ДМТ ба хатмкунандаҳои «Зан-сарвар» шаҳодатнома супорид

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии «Зан-сарвар» ҷамъбаст ва хатмкунандаҳои он соҳиби шаҳодатнома шуданд.

Дар маросими тақдими шаҳодатномаҳои хатм ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода иштирок намуд. Инчунин, дар чорабинӣ ба ин муносибат роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва устодону кормандон ширкат варзиданд.

Таъкид гардид, ки мақсад аз чорабинии мазкур ҳавасмандгардонии бонувон, беҳтар гардонидани силсилавохӯриҳои курси мазкур ва иштироки фаъоли бонувон дар чорабиниҳои гуногуни донишгоҳию ҷумҳуриявӣ мебошад.

Ректори ДМТ зимни суханронӣ иброз дошт, ки ташаккулёбии ниҳоди сарварии занон дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии давлат буда, хусусиятҳои хоси худро дорад. Зеро заминагузории оғози ин раванд сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ба қувваи созандаи зан — модари тоҷик эътимоди комил дошта, бо ташаббуси худ тавассути қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кӯшиш намуданд, фазои мусоидро баҳри ҷалби ҳарчи бештари занон ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа фароҳам оваранд.

 “Таҳлили имрӯзаи фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, мавқеи онҳо нисбат ба равандҳои ҷомеа ва нақши онҳо дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии қишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки мо ба марҳилаи рушд рафта истодаем”,-иброз дошт ректор.

Чорабинӣ бо тақтими ифтихорномаҳо ба як зумра аз бонувони фаъоли донишгоҳ ва супоридани шаҳодатномаҳо ба хатмкунандагони курси мазкур хотима ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *