Ректори ДМТ: Нақшаи қабул ба магистратура ҳамагӣ 30 фоиз иҷро шуд

Дар соли таҳсили 2021 ва 2022 нақшаи қабул ба магистратура дар ДМТ ҳамагӣ 30 фоиз иҷро шудааст. Ин нуктаро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар нишасти матбуотии ниҳоди тобеаш зикр кард.

Ёдовар мешавем, ки пас аз тағйирот ба Қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ” ва ҷалби магистрон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ қабул ба зинаи магистратура дар тамоми донишгоҳҳои кишвар кам шудааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, бештари магистрон дар донишгоҳҳо духтарон ҳастанд.

Вале ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки таносуб миёни духтарон ва ҷавонон баробар аст — 15 фоиз духтарон ва 15 фоиз писарон.

Феълан дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки 23 362 нафар донишҷӯ дорад, ҳамагӣ 783 нафар магистрон таҳсил мекунанд. Соли гузашта ҳамагӣ 245 нафар ба магистратура дохил шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *