Ректорони Осиёи Марказӣ ба Душанбе меоянд

Дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Форуми мазкур дар доираи Нишасти панҷуми роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 14-уми сентябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар Форум вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок намуда, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти илму маориф изҳори назар менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *