Рэперист Баста дар Украина ба «долони шарм» афтод

Рэперист ва мусиқачӣ Баста (номи ҳақиқияш Василий Вакуленко)-ро дар як консерт дар пойтахти Украина ба таври шадид истиқбол гирифтанд. Пеш аз оғози намоиш дар «Стерео Плаза»-и Киев, ҳунармандро мардум бо ғазаб иҳота намуда ва талаб доштанд, ки консертҳои «москвоартистҳо» “комилан” манъ карда шаванд.

Бино ба иттилои Rosbalt.ru, эътирозгарон, ки онҳоро дар расонаҳои Русия миллатгаро унвон мекунанд, овезаҳои «Баста = Путин» ва «Санъаткорони Маскав = танкҳои Маскав»-ро мусодира кардаанд. Ба онҳо мухлисону ҳаводорони санъаткор мухолифат кардаанд, ки Баста «афсонавӣ» аст. Дар ниҳоят, эътирозгарон ба халалдор кардани консерти ҳунарманди рус муваффақ нашудаанд.

Бояд гуфт, ки қаблан ба далели намоишномаҳо дар Қрим, мақомоти Украина рэперро аз ҳаққи сафар ба ин кишвар маҳрум карда буданд. Ин маҳдудият чор сол амал кард ва дар моҳи августи имсол ба охир расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *