Рейд дар қаҳвахонаи «Ҷизах»
Кормандони пулис шаби 3 март ба қаҳвахонаи «Ҷиззах»-и шаҳри Тошканд ғайриинтизор ворид шуда, ҳамаи муштариҳо ва кормандони қаҳвахонаро ба идораи пулис бурданд.
Як корманди қаҳвахона мегӯяд, ин ҳодиса эътибори қаҳвахонаи «Ҷиззах»-ро коста кардааст. Мудири каҳвахона аз рафтори пулис ва ҷарима шудани кормандонаш изҳори норизоӣ карда, ният дорад, ба қабулгоҳи мардумии президент ва додситонии кул шикоят барад.
Ба гуфтаи кормандони қаҳвахона, пулис тавассути сагҳои бӯйгир маводи мухаддир ҷустуҷӯ карданд, «аммо чизе наёфтанд».
Яке аз муштариҳои қаҳвахона мегӯяд, ҳамаи онҳоеро, ки дар қаҳвахона буданд, ба идораи пулис бурданд ва то соати 5 субҳ дар ҳавои кушод нигаҳ доштанд. «Як ҷавон пурсид, ки чаро моро ба ин ҷо овардед ва сабаби боздошти мо чист, ду корманди милиса ӯро лагадкӯб карда, ба боздоштгоҳ бурданд. Пулис шиносномаҳои моро тафтиш кард. Ҳар касеро, ки ҳамроҳаш шиноснома надошт, ба боздоштгоҳ бурданд. Онҳоеро, ки қайди иқомат надоштанд, ҷарима карданд», — мегӯяд муштарӣ.
Мақомоти қудратии Ӯзбекистон то кунун ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ