Резаахбор: Аз Чемпионати таэквондои Осиё то лағви набарди Ғафуров

Аз 2-юм то 13-уми сентябр дар шаҳри Бейрути Лубнон Чемпионати таэквондои Осиё байни наврасон ва ҷавонон баргузор мегардад. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз қораи Осиё ширкат меварзанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа байни наврасон Абдуҷаъфари Баҳодур (-53 кг) ва миёни ҷавонон Муҳаммадризо Шукуров (-55 кг) намояндагӣ мекунанд.

***

Чемпионати ҷаҳонии варзиши сабук-2023 дар шаҳри Будапешти Маҷористон ба анҷом расид. Дар чемпионат беш аз 2000 варзишгар аз 200 кишвар ширкат карданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз Фаворис Музрапов дар давидан ба масофаи 100 метр намояндагӣ кард, ки дар даври якум сеюм шуда ба марра расид, аммо дар даври дуюм ноком шуд.

***

Вохўрии марказии Суперлигаи футзали Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Соро компания» мусовӣ (3:3) анҷом ёфт. Дар ду рақобати дигари даври нуҳум «Амонатбонк» бар «Самандар» (10:3) ва «Истаравшан» бар «Пойтахт» (5:1) пирўз шуданд. Як давр пеш аз анҷоми марҳилаи дуюм «Истиқлол» бо 23 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. «Соро компания» дар зинаи дуюм (20 хол) аст.

***

Тақвими бозиҳои марҳилаи гурўҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ маълум шуд. «Равшан»-и Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо дастаҳои «Олтин Асир» (Туркманистон), «Абдиш-Ота» (Қирғизистон), «Марв» (Туркманистон) бозӣ мекунад. Дар даври аввал «Равшан» дар майдони худ «Марв»-ро қабул мекунад. Ин вохўрӣ 21-уми сентябр дар дар Варзишгоҳи марказии Кўлоб ё Ҳисор баргузор мешавад.

***

Набарди размикори тоҷик Муин Ғафуров бо Тейлор Лапилуси фаронсавӣ, ки рўзи 2-юми сентябр дар мусобиқаи UFC Fight Night 226 дар Порис ба нақша гирифта шуда буд, баргузор нахоҳад шуд. Сабаби лағви набард мушкили раводиди Ғафуров будааст. Дастаи Муин дар ҳоли ҳозир барои ташкили мубориза дар UFC 294 дар Абу-Даби кор мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *