Резиши санг се корманди КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиётро захмӣ кард (аудио)
Шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошими ВМКБ ва ноҳияи Варзоб 3 ҳолати фаромадани тарма ва омадани сел, инчунин 2 ҳолати резиши санг ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асари лағзиши тарма дар қаламрави деҳаи Пошори ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон як хона пурра ва як хона қисман хароб шудааст. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надоштааст. Барои муайян кардани мизони зарари расида Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад.
Тавре гуфта мешавад, бар асари резиши санг дар километри 449-уми шоҳроҳи Душанбе-Ванҷ-Хоруғ, ки аз ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ убур мекунад, се нафар — кормандони шуъбаҳои ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон захмӣ шудаанд. Айни замон ин се нафар дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ шудаанд ва корҳои поксозии роҳ аз сангу сангреза идома дорад.
Ҳамчунин, дар километри 223-юми шоҳроҳи Душанбе-Лахш, дар наздикии шаҳраки Обчаки ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш резиши санг ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ҳодиса касе зарар надидааст, паёмадҳои сангрезӣ бартараф шуда, ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудааст.
16-уми марти соли 2022 дар километри 354-уми шоҳроҳи Дарвоз-Хоруғ омадани сел боиси баста шудани роҳ гардидааст. Бо ҷидду ҷаҳди коркунони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шудааст.
Дар деҳоти Зарафшон ва Сафедорони ҷамоати деҳоти Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод бар асари борони шадид сел ва хатари зери об мондани заминҳои кишт ва заминҳои наздиҳавлигӣ пеш омадааст. Барои пешгирӣ кардани ҳолати баамаломада ситоди ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад.
Бориши боронҳои пуршиддат боиси болоравии сатҳи оби дарёи Ёхсу гардидааст. Дар натиҷа сел ҳам омада, садди чиҳилметраро дар деҳаи Пушёни ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабови ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон шустааст. Барои бартарафсозии паёмадҳои ин офат техникаи махсус сафарбар шуда, корҳои соҳилбандӣ идома доранд. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошта, касе зарари ҷисмонӣ надидааст.
16-уми марти соли 2022, тахминан соати 13:35 ба вақти маҳаллӣ дар километри 67-уми роҳи Душанбе-Варзоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст. Барои тоза кардани роҳ ба хадамоти роҳи IRS техникаи махсус ҷудо карда ва ин қитъаи роҳ аз барфтӯда тоза карда шудааст. Бино ба гузориши дафтари матбуотии ширкати IRS чанд лаҳза пеш ҳаракати мошинҳо ба ду самт иҷозат дода шуд.
Субҳи 17-уми марти соли равон аз баста будани роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Қалъаи Хумб-Ванҷ-Хоруғ, Рӯшон-Бартанг хабар дода мешуд. Аммо ахиран роҳ ба самти Хуҷанд ва аз Хуҷанд ба Душанбе боз шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, дар рӯзҳое, ки хавфу хатари тармаву селу обхезӣ вуҷуд дорад, аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ