Ричард Фулс: Агар Сомониён набуд, Эрон набуд!
Аз пайдоиши орёиён то баҳси забони тоҷикиву зодгоҳи Зардушт
Профессор Ричард Фолтс (Richard Foltz) муҳаққиқи тамаддуни ориёӣ ва таърихи тоҷикон, профессори Донишгоҳи Конкордияи шаҳри Монреали Канада, муаллифи китоби “Тоҷикон”. Мавсуф чанде қабл меҳмони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” буд. Зимни ташриф суҳбате оростем бо ӯ.
— Оқои Фолтс, шумо аз таърихи тоҷикон ҳарф мезанед. Таърихи даст ба таҳқиқи дирӯзу имрӯзи ин мардум задани шумо аз куҷо сарчашма мегирад?
-Замони донишҷӯӣ бо профессор Ричард Фрай, ки як тоҷикшиноси бисёр бузург буд, ошноӣ пайдо кардам ва аз донишу малакаи ӯ баҳравар гардидам. Фрай муддате дар Тоҷикистон зиндагӣ дошт ва пажӯҳиш бурд. Ман ҳам пас аз хатми донишгоҳ барои ба поён расонидани рисолаи докторӣ хостам ба Тоҷикистон оям ва таҳқиқотамро идома диҳам. Аммо сафарам ба соли 1992 рост омад, Душанбе ба коми ҷанг фурӯ рафта буд. Ба ин хотир Ӯзбекистон рафтам, зеро шаҳрҳои таърихии тоҷикон имрӯз дар ҳайати ин кишвар аст. Дар Самарқанд бо тоҷикони зиёде шинос шудам, он ҷо муддате иқомат кардам ва пажӯҳишамро ба поён расонидам. Билохира, соли 2012 ба Тоҷикистон омадам ва равобитам то имрӯз идома дорад. Тӯли 30 сол, ки ба кори пажӯҳиш машғулам, роҷеъ ба таърихи мардуми эронӣ даҳҳо мақолаву рисола ба табъ расонидам. Вақте ки мардуми эронӣ ё сарзамини Эрон мегӯям, ба ҳеҷ ваҷҳ Эрони имрӯзаро дар назар надорам. Барои ман сарзамини Эрон аз Балкан то Чин идома мекунад, ки тоҷикон низ ҷузъи он ҳастанд.
-Гуфтед, дар бораи таърихи тоҷикон китобе навиштед…
-Бале. Гап дар сари он, ки оқои Фрай нияти навиштани китоберо роҷеъ ба тоҷикон дар зеҳнаш мепарварид ва мани он замон донишҷӯй интизор будам, то ин китобро бихонам. Маҳз ба ҳамин хотир ӯ солҳои 1991 – 92 ба Тоҷикистон омад ва ин ҷо зиндагӣ кард. Аммо баъди чанд муддат, оқои Фрай ба ман гуфт, ки ин китоб ба масири дигар рафт. Пас аз ин ӯ китобе нанавишт. Яъне ӯ натавонист ин орзуяшро ҷомаи амал пӯшонад. Соли 2014 Ричард Фрай, дар синни 94, бо зиндагӣ падрӯд гуфт. Соли 2016 доктор Дарёӣ, ки аслан эронь буду дар Колифорния зиндагӣ мекунад, ба ман гуфт, ки як хонаводаи эронии сокини Амрико, миқдоре маблағ ҷудо кардааст, то ки ҳамасола бахшида ба бузургдошти Ричард Фрай як конфронс баргузор намояд ва мехоҳад дар ҷаласаи нахустини он ман суханронӣ кунам. Албатта, розӣ шудам, зеро ба Фрайро мешинохтам. Фрай олими сермаҳсул ва доманаи таҳқиқоташ фарох буд. Ба ин хар суханронӣ танҳо самти тоҷикшиносии ӯро интихоб кардам. Дар рафти тадқиқ дарёфтам, ки тоҷикшиносӣ дар фаъолияти ӯ нақши марказӣ дорад. Ӯ дар мавриди «Таърихи Наршахӣ», ки манбаи муътамади таърихи тоҷикон аст, рисолаи докторӣ навишта буд. Дар ҷаласаи бузургдошт Фрайро ҳамчун тоҷикшиноси мумтоз муаррифӣ намудам. Дар ин маврид мақолае дар маҷаллаи «Бухоро» нашр кардам, ки ба щуруфи кирилӣ дар Тоҷикистон ҳам ба нашр расид. Бубинед, то имрӯз дар Ғарб дар бораи халқи тоҷик китобе нест. Фрай мехост нависад, аммо, нанавишт. Ин масъулиятро ман ба дӯш гирифтам ва тӯли 2 соли охир доир ба тоҷикон китобе навиштам, ки то охири ин сол дар Лондон ба нашр мерасад. Чун то имрӯз ҳар асаре, ки ман навишта мекунам, зуд ба русиву форсӣ тарҷума ва ба табъ мерасад, метавон интизор шуд, ки ин китоб дастраси мардуми Тоҷикистон низ хоҳад шуд.
-Шумо гуфтед, ки вақте Эрон мегӯед, аз Балкан то Чинро дар назар доред. Нақши тоҷиконро дар ин масир чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Ман мисли оғои Ричард Фрай муътақидам, ки тоҷикон аз эрониён ҷудо нестанд. Яъне, тоҷикони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва сокинони Эрону Афғониистон як миллат ҳастанд! Шумо як забон ва як фарҳанг доред, динатон ҳам муштарак аст. Шеъре, ки дар Тоҷикистон хонда мешаваду дӯст медоранд, дар Эрон низ мехонанду дӯст медоранд. Мутаассифона, баъди омадани русҳо ба Осиёи Марказӣ ин ифтихорот камтар шуд. Албатта, дар масире, ки имрӯз мо сарзамини тоҷикон ё эрониҳо мегӯем, Тоҷикистон марказ аст ва ин сарзамин ҳамеша нақши ҳалкунанда доштааст. Бубинед, нақши давлати Сомониёнро дар асри Х чӣ тавре мегӯянд: «Агар Сомониён набуд, Эрон набуд». Ин ҷумла маъмул буд ва имрӯз ҳам маъмул аст.
-Аммо ҳоло мекӯшанд, ин муштаракотро нодида гиранд.
-Аз назари забоншиносӣ тоҷикӣ ва форсӣ як забон аст. Дар забоншиносӣ мегӯем, ки агар ду одам бо ҳамдигар ҳарф занаду якдигарро бифаҳманд, пас як забон аст, агар ҳамдигарро нафаҳманд, забонҳо мухталифанд. Ва агар ҳамдигарро мефаҳманду гӯишашон фарқ мекунад, ин ду гӯйиши як забон аст. Ин баҳси раднашаванда ва ҳалшудаи илмӣ аст.
-Ба андешаи шумо истилоҳи «тоҷик» кай пайдо шудааст?
-Аз форсии миёна. Аммо ин масъала зиёд баҳсбарангез аст ва олимони дунё назари мухталиф доранд. Ман ба чунин натиҷа расидам, ки баромади истилоҳи «тоҷик» аз «тозик» ва «тозик» аз номи қабилаи Тай аст, ки як замон дар Арабистон мезист. Эрониён ҳамаи арабҳоро Тай мегуфтанд, ки ин, албатта, нодуруст буд. Мисоле, ки ҳамаи Ғарбро мегӯянд – Фаранг. Ҳол он ки мо фарангӣ нестем, балки Фаранг исми як қавмест, ки дар Ғарб зиндагӣ мекунад, аммо ин иштибоҳи ом васеъ истифода мешавад. Вақте нуфузи арабҳо дар Эрон зиёд шуд ва эрониён дини Исломро қабул карданд, ба эрониёни мусалмоншуда гуфтанд – Тай, яъне «тазик»! Дар ин сарзамин суғдиҳо мезистанд. Суғдиҳо ҳам эронӣ, ориёӣ ҳастанд, аммо забонашон фарқ мекард. Вақте арабҳо ба Суғд ҳуҷум карданд, эрониҳо суғдиҳои мусалмоншударо тоҷик гуфтанд ва оҳиста-оҳиста тоҷик номи қавмро гирифт. Пас аз он ки туркҳо ба ислом гаравиданд, тоҷик номи як миллати ғайритурк шуд. Бори охир бо омадани русҳо вожаи «тоҷик» маънои дигар гирифт…
-Шумо гуфтед, ки то ҳуҷуми арабҳо забони форсӣ дар Суғд мавҷуд набуд. Пас, чӣ гуна он нуфуз пайдо кард? Ва чаро забони арабӣ мавқеъ пайдо накард?
-Онҳое, ки Исломро дар баробари арабҳо ба Осиёи Марказӣ оварданд, эронӣ буданд ва забонашон форсӣ буд. Бинобар ин агар як суғдӣ мехост, ки мусалмон шавад, бояд забони форсиро ёд мегирифт. Ҳамин тавр, ин забон нуфуз пайдо кард. Баъдан дар замони Сомониён ин забон мақоми давлатиро гирифт ва эътибори бештар пайдо кард.
-Чӣ гуна метавонад, ки «Тай» ба «тоҷик» мубаддал шавад?
-Дар забоншиносӣ қонуни табдили талаффуз ҳаст ва ин имкон дорад. Агар ба ман бовар накунед, метавонам мақолаи забоншиносӣ пешниҳод кунам.
-Бубинед, дар маъхазҳои қадими арманӣ вожаи «тоҷик» вуҷуд дорад. Аммо аз таърих медонем, ки арабҳо дар он ҷо набуданд. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
— Арманиҳо ҳамеша зери нуфузи Эрон қарор доштанд. Аз замони салтанати Ашкониён, ки эронӣ буданд, арманиҳо зери таъсири забону фарҳанги форсӣ монда буданд. Бинобар ин ниёзе нест, ки араб он ҷо бошад. Ин вожа метавонад, аз Эрон гузашта бошад.
-Гуфтед, ки забони форсӣ дар аҳди Сомониён пуштибонӣ пайдо карду тавсеа ёфт. Чӣ зарурат буд, як хонаводаи суғдӣ, ки ба халифаи аббосӣ итоат мекард, забони форсиро ҳимоят кунад?
-Дуруст аст, ки Сомониён аз нажоди суғдӣ буданд. Онҳо барои худ барномае доштанд, ки ба ҷойи халифаи Бағдод соҳиби ҷаҳони Ислом шаванд ва маркази тамаддуни исломӣ аз Бағдод ба Бухоро кӯчонида шавад. То он замон дар Бухоро Ислом ба забони форсӣ муттаҳид шуда буд, арабу забони арабӣ нуфуз надошт. Дар Осиёи Марказӣ олимони исломшиноси маҳаллӣ нуфуз пайдо карданд, ки забонашон форсӣ буд. Дини ислом бо забони форсӣ дар Осиёи Марказӣ паҳн шуд. Масалан, Табарӣ дар пешгуфтори китобаш навишта буд, ки Сомониён мулуки Аҷам ҳастанд ва забони ин сарзамин порсӣ аст. Ба назари ман ин як барномаи тарҳрезишуда буд. Ман мӯътақидам, ки дар асри Х дар Осиёи Марказӣ мардум аслан суғдӣ ҳарф мезаданд. Забони модарии Рӯдакӣ ва Сино суғдӣ буд. Аммо онҳо аз кӯдакӣ исломро, ки ба забони форсӣ омӯхтанд, онро хуб балад буданд ва чун забони давлатдорӣ шуд, бо ин забон асар навиштанд. Пахши забони форсӣ дар Суғд тӯл кашид, манобеъи дар даст дорем, ки то асри ХII теъдоди зиёди мардум дар ин минтақа бо забони суғдӣ ҳарф мезаданд.
-Имрӯз иддае аз бехабарон даъво доранд, ки онҳое, ки ном бурдед, тоҷик нестанд.
-Ин воқеият надорад. Дар таърих вақте як кишвари нав ба вуҷуд меояд, мисле ки баъди Шӯравӣ кишварҳо пайдо шуданд, маҷбуранд барои худ ҳувият бисозанд, ки мо кӣ ҳастем, таърихамон чист. Ӯзбекҳо мутаассифона, наметавонанд мисли қазоқҳо ва қирғизҳо ба фарҳанги Осиёи Марказӣ даъво кунанд. Онҳо сарбоз буданд, силоҳ доштанд, ҳоким буданд, аммо фарҳанг аз мардуми тоҷик аст. Ва онҳо маҷбуранд дурӯғ гӯянд.
-Дар дунёи илм ин баҳсҳо чӣ гуна пазируфта мешавад?
-Медонед, фақат дар Осиёи Марказӣ ин гуна даъвоҳо ҳаст, ки чӣ ё кӣ моли кист? Дар дунёи илм ин масъалаҳо ҳал шудааст ва касе шак намекунад, ки фарҳанги Осиёи Марказӣ аз тоҷикҳост. Ин дуруст аст, ки баъди Темуриён сокинони баъзе аз шаҳрҳо дузабона будаанд, масалан ӯзбекон тоҷикӣ ва тоҷикон туркӣ ҳарф мезаданд. Мисле ки имрӯз тоҷикон роҳат русӣ ҳарф мезананд, аммо медонанд, ки рус нестанд. Ва ин боис шуд, ки калимаи “сорт” пайдо шавад. Маънои сорт ҳам дузабонӣ аст.
-Китобе, ки шумо дар ин авохир ба поён расонидед, таърихи тоҷиконро дар кадом давраҳо фаро мегирад?
-Ин як китоби кулль аст, роҷеъ ба таърихи тоҷикон. Бинобар ин аз 4 ҳазор сол пеш, аз пайдоиши мардуми ориёӣ шурӯъ кардам. Ба назари ман мардуми ориёӣ аз Урал пайдо шуданд ва ба тарафи Ҷануб, то минтақаи Ҳафтрӯд, ки эҳтимол зодгоҳи Зардушт аст, муҳоҷират намуданд.
— Чанд сол пеш дар Русия Аркаим ном минтақаро кашф карданд ва гӯё асли ориёиҳо дар он ҷо пайдо шуда бошанд. Мегӯянд, ки зодгоҳ, сарчашмаи ориёиҳо он ҷост.
-Сарчашмаи ҳамаи инсонҳо Африқост, ин чизеро иваз намекунад. Мо медонем, ки ин миллат ба худаш гуфт, Ориё, яъне мардуми мутафаххир. Ин миллат бисёр қадимӣ аст ва ҳадди ақал то 4 ҳазор соли пеш дар бораи он мадрак дорем. Ориёиҳо, ки аспсавор буданд, бештар аз ҳар миллат дар дунё пахш шуданд. То 3 ҳазор соли пеш кулли Осиёи Шимолӣ аз Руминия то Муғулистон маҳали иқомати ориёиҳо будааст. Ва вақте мегӯем, Аркаим ҳеҷ шакке нест, ки он ҷузъи дунёи ориёӣ буд. Аммо ҳамчун сарчашма нодуруст аст. Вақте дар бораи Урал гап мезанем, медонем, ки онҳо худро ориёӣ мегуфтанд, забонашон ориёӣ буд ва пайрави яке аз динҳоии ориёии пеш аз зартуштӣ буданд, ки нишонаҳояш то имрӯз ҳам ҳаст.
-Шумо маҳали зисти Зардуштро Ҳафтрӯд, арзёбӣ кардед. Аммо бархе аз муаррихон мегӯянд, ки Зардушт дар Дарвози Бадахшон зода шудааст.
— Ман аз ин фарзия огоҳам, аммо мувофиқ нестам. Чаро? Зеро дунёе, ки дар Гоҳон тавсиф шудааст, кӯҳистон нест, дашт аст. Ман ба ин натиҷа расидам, ки Зардушт дар ҳудуди қарни XIII ва XII- и қабл аз милод дар минтақаи Ҳафтрӯд, ки ҳоло дар Қазоқистони Ҷанубист, зиндагӣ кардааст. Дар Гоҳон дунёи Зардушт тасвир мешавад. Ҷое, ки гов зиёд аст. Гурӯҳҳои дузд, аспсавор бо суръати зиёд мерасанд, мекушанд ва медузданду фирор мекунанд. Шумо Бадахшон рафтаед, он ҷо магар имкони парвариши 200 ҳазор гов ҳаст, он ҷо аспдавонӣ имкон дорад? Медонем, ки Зардуштро дар ватанаш намешунаванд ва ӯ назди Шоҳ Гуштосп мераваду ақидаашро паҳн мекунад. Мумкин аст, ки дар тӯли умраш аз Бадахшон гузашта бошад. Аммо Бадахшон дунёи Гоҳон нест.
-Гуфтед, ки агар Сомониён набуд, Эрон набуд. Нақши Сомониён дар тамаддуни эронӣ чӣ гуна аст?
-Вақте арабҳо омаданд, онҳо таҷрибаи мудирияти империяро надоштанд, бинобар ин аз дабирони эронӣ истифода карданд. Забони арабӣ дар ибтидо қудрати идорӣ, қудрати инъикоси илму фалсафаро надошт, ин табиист, зеро забони кӯчӣ аст. Бинобар ин, форсизабонон онро хеле тағйир доданд, калимасозӣ карданд, забонро ба меъёр мувофиқ карданд. Баъди зиёда аз сад сол, дабирони ориёӣ дар замони ҷунбиши шуубия ёғӣ шуданд ва онҳо кӯшиданд, ки фарҳанги ориёиро бартар аз араб нишон диҳанд. Баъдан дар замони Ёқуб ибни Лайи саффорӣ, ки аслан арабиро намедонист, аммо ба унвони як шоҳ ба фарҳангу адабиёту мусиқӣ аҳмият дод, забони форсӣ пуштибон ёфт. Яъқуби Лайс шеъри арабиро намефаҳмид, бинобар ин иҷозат дод, ки ба забони форсӣ шеър бихонанд ва баъди ин Тоҳириёни Хуросон ҳам пуштибонии фарҳанги худашон шуданд. Аммо Сомониён муваффақтарин буданд, зеро онҳо расман забони тоҷикиро забони давлатдорӣ эълон карданд. Маҳз дар замони Сомониён собит шуд, ки дини Ислом моли араб нест, маркази Ислом Бухорост ва фарҳанги Ислом фарҳанги форсизабон аст. Бинобар агар Сомониён набуд, Эрон набуд, зеро дар сурати ҳимоя накардани Сомониён забони форсӣ аз байн мерафт.
— Шумо дар Канада устоди донишгоҳед ва шогирдони зиёд доред. Ба андешаи шумо барои шинохти асли мардуми ориёӣ, эронӣ ва ё тоҷик чӣ муҳим аст?
-Аввал, шеър. Ба назари ман нуктаи аввали фарҳанги эронӣ шеър аст. Ман аз рӯзе, ки ба Тоҷикистон ворид шудам, то ҳол ҳатто як нафарро надидам, ки дар гуфтугӯй шеър наоварад. Яъне шеър бунёди ҳувияти фарҳангу тамаддуни тоҷикон аст. Баъдан, Наврӯз. Ман дар донишгоҳамон як курси бузурге дорам бо номи муаррифии фарҳанги эронӣ. Ба донишҷӯён аввалин чизе, ки мегӯям, ин аст, ки агар мехоҳед тамаддуни эрониро бифаҳмед, ду чизро бояд донед: якум Наврӯз, дувум «Шоҳнома». Наврӯз ҷашни ҷаҳонии тамоми форсизабонон аст ва аслан ба ҳеҷ забону дин рабт надорад. Як ориёии шиа, суннӣ, масеҳӣ ва буддоӣ онро ҷашн мегиранд. «Шоҳнома» адабиёти миллии ҳамаи шумост. Ин намунаи фарҳанги бузурги шумост, ки дар ҳамаи ҷаҳон онро медонанду мешиносанд. Дар таърихи ҳунари дунё бузургтарин саҳнае, ки наққошӣ шудааст, саҳнае аз «Шоҳнома» аст.
-Дар бораи худ ва оилаи худ бигӯед…
— Ман соли 1961 таваллуд шудаам, яъне 57 — сола ҳастам. Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд ҳастам.
Шариф Ҳамдампур,
Одили Нозир, «Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ