Боздошти се зане, ки дар назди тарабхона занозанӣ доштанд (видео+аксҳо)

Мақомоти милитсияи Душанбе занозании як гуруҳи занонро дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт таҳқиқ карда, посух гуфт.

Тавре маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад,   навори муноқиша ва занозании як гурӯҳ ҷавонзанон, ки чандест дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ чарх мезанад, вокунишҳои зиёдеро ба миён оварда, ҳамагон аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуданд, то нафарони гумонбар дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд.

  Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур дар назди тарабхонаи «Самира» воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе содир шудааст.

Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ шаҳрвандон:
Қарахонова Зарина Файзиддиновна санаи таваллудаш 24.11.1996, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи А. Фирдавсӣ;

http://dushanbepolice.tj/wp-content/uploads/2021/01/1-1.jpg


Фирӯзаи Маҳмадмусо санаи таваллудаш 31.01.1998, сокини ноҳияи Рӯдакӣ деҳаи Пахтакор;

http://dushanbepolice.tj/wp-content/uploads/2021/01/2-1.jpg


Тағойбекова Тожиниссо Намозовна санаи таваллудаш 17.02.1996, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Ҷ. Балхӣ дастгир карда шуданд.

http://dushanbepolice.tj/wp-content/uploads/2021/01/3.jpg


  Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурдагон санаи 25-уми декабри соли 2020 тахминан соати 02:00 дақиқа ҳангоми дар маҳаллаи Гипрозем қарор доштанашон аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, шаҳрванд Шукронаи Азизулло санаи таваллудаш 09.08.2000, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи А. Деҳотиро мавриди латукуб қарор додаанд.

http://dushanbepolice.tj/wp-content/uploads/2021/01/4.jpg


  “Чуноне аз навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида бармеояд, гарчанде дар атроф нафарони зиёде муноқишаи ин ҷавонзанҳоро наззора мекарданд, худро бетараф гирифта, барои ором ва аз ҳам ҷудо намудани онҳо кӯшише накарда, баръакс ҳамчун тамошобин аз занозании номбурдагон лаззат мебурданд, ки ин амали ноҷавонмардонаи атрофиёнро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ маҳкум кардаанд”,-менависад маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *