Риш дар «Қоидаҳои одоби варзишгар»

Амали воқеан номатлуби паҳлавони маъруф Комроншоҳи Устопириён ҳангоми баргузории мусобиқаи гӯштии миллии наврӯзӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт, ки ба муҷозоти ғайричашмдошти комиссияи оҷилан таъсисдодаи   Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  гирифтор шуд, агар гӯем, ки самараи нек ба бор оварда истодааст, иштибоҳ намекунем.

Пас аз андешидани чораҳои таъсирбахш ва сабақомӯз роҳбарияти  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоми сохторҳои мутааллиқи соҳаи варзишро вазифадор кард, ки дар муддати як моҳ тарҳи «Қоидаҳои (Кодекси) одоби варзишгар»-ро омода созанд ва барои баррасӣ пешниҳод кунанд. Сохторҳои  КҶВС ин дастури воқеан заруриро чӣ тавр  ва бо

кадом пешниҳодҳои судманд иҷро кардаанд, ба васоити ахбори омма ҳанӯз маълум нест. Ба фикри мо, агар лоиҳаи «Қоидаҳои (Кодекси) одоби варзишгар»-ро роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мавриди муҳокимаи васеи мутахассисону коршиносон мегардонд, итминон дорем, садҳо таклифу пешниҳодҳои муфид ба миён меояд, ки судбахш хоҳанд буд.

Аммо то имрӯз фақат як пешниҳодро сомонаҳои мустақил аз тарҳи «Қоидаҳои (Кодекси) одоби варзишгар» ба табъ расондаанд, ки боиси баҳс аст: «Варзишгарон, инчунин, набояд мӯйи сари баланд ва нохунҳои дароз дошта бошанд». Ин пешниҳодро ба хотири нагузаштани бемориҳои сироятӣ шарҳ додаанд. «Сатр дар чанд намуди варзиш дар вақти сабқат халал мерасонад». Ҳарчанд ягон нафар сатр надорад, аммо савол ин аст, ки  барои чӣ сатр ба варзишгарбонувони эронӣ халал намерасонад, ки онҳо дар арсаи ҷаҳон назар ба варзишгарони мо хеле бештар комёб ҳастанд? Дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалии Эрон аксари иштирокчиёни хориҷӣ барои эҳтироми арзишҳои исломӣ либосҳои махсуси варзишии ин кишварро ба бар карда, рақобат меороянд. Масалан, соле пеш дастаи бонувони  футболбози Русия дар майдони сабз  бо либосҳои варзишии Эрон бо ҳамтоёни эронии худ мусобиқаи диданӣ оростанд. Тавре гуфтем, варзишгарбонувони тоҷик  боре чунин либосҳоро ба бар накардаанд. Аммо мутахассисон мегӯянд, ки миёни бонувони варзишгари тоҷик пӯшидани либоси мазҳабӣ, ба мисли ҳиҷобу рӯсарӣ маъмул нест ва маълум нест, пас чаро ин масъала дар Кодекси одоб матраҳ шудааст?

Варзишгарони тоҷики ришдорро дар мо бештар дар миёни паҳлавонону футболбозон мушоҳида кардаем. Чанд сол қабл Парвиз Турсунов, бозигари тими «Хайр»-и Ваҳдат, низ ба далели риши дарозаш ба бозӣ роҳ дода нашуд ва ин баҳси зиёдеро ба миён овард. Байни гӯштигирон Набимуҳаммад Хоркашев, Комроншоҳи Устопириён, Юсуф Абдусаломов, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва чанде дигар бо ришҳои кӯтоҳ майдондорӣ кардаанд.

Намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон  Сӯҳроби Акбаршо, дар суҳбат гуфт, ки барои таъини ин меъёр далелҳои худро доранд. Аз ҷумла, ба як масъули Кумита, “ин кор бо ҳадафи риояи тозагӣ аст. Ба хотири нагузаштани бемориҳои сироятӣ баъзе аз чизҳо, ба монанди нагузоштани ришу мӯйи сари баландро таъкид кардем. Сатр дар чанд намуди варзиш дар вақти сабқат халал мерасонад.”

Сӯҳроби Акбаршо гуфт, ин тарҳ ҳанӯз ниҳоӣ нест ва барои баррасӣ, аз ҷумла гирифтани назари мутахассисон пешниҳод шудааст. “Баъд аз гирифтани таклифу пешниҳод шакли комили Кодекс аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қабул карда мешавад. Риояи кодекс барои ҳамаи варзишгарон ва мураббиён ҳатмӣ мешавад. Ба хотири он ки дар чанд маъракаи калон дар дохили ҷумҳурӣ баъзе аз варзишгарон ба бетартибӣ роҳ доданд”, — афзуд мусоҳиби мо.  “Баъзе варзишгарони ришдор”-и ба бетартибӣ роҳ дода, (бар замми Комроншоҳи Устопириён) киҳоянд?

Дар ҳоле ки баъзе аз варзишгарон аз вуҷуди Кодекси одоб тарафдорӣ карданд, аммо бархе аз онҳо мегӯянд, мавзӯи ришу рӯсарӣ дар ин маврид мисли тарошаи аз бом афтода аст. Бо ин ҳол бисёре аз онҳо нахостанд, ки ному насабашон бурда шавад. Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе гуфт, ки риши онҳо ҷойе барои нигаронӣ надорад. «Вақти зиёди мо дар тамрину бозӣ ва сафар мегузарад ва барои нигоҳубини худ фурсати кам дар ихтиёр дорем. Барои ҳамин, бисёр вақт варзишгарон риш мемонанд. Аммо агар аз тарафи давлат муқаррар шавад, онро риоя мекунем.»

Дар тарҳи Кодекси одоби варзишгарон ҳам гуфта шудааст, ки “варзишгар бояд дар майдон ё ҷараёни баргузории мусобиқа ба ҳар гуна ишораҳои иғвоангез (провокатсия) роҳ надиҳад” ва “ҳар варзишгаре, ки дар як намуд қоидаҳои рафторро вайрон менамояд, аз иштирок дар ҳама гуна намудҳои варзиш маҳрум карда хоҳанд шуд.”

Эмоми НАЗАРИЁН,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *