«Ришатро гир сипас қарз медиҳем!»
Дар Ӯзбекистон ошпази сатҳи байналмилалӣ аз ноҳияи Риштони вилояти Фарғона Шерзод Мадаминовро, ки барои пайдо кардани ҷои кор ба «қабулгоҳи мардумӣ» муроҷиат намуд, раҳбарияти вилоят ба хотири ришаш дар мазҳари ом таҳқир кардааст.
Мадаминов тайи чанд сол дар ошхонаҳои гуногуни Русия таҷриба омӯхта, дар як қатор чорабиниҳои расмии ин кишвар бо иштироки президент Владимир Путин ғизо омода намудааст. Вале мегӯяд, баъди бозгашт ба ватан бе ҷои кор монд.
Ба гуфтаи Мадаминов, пас аз муроҷиат ба «қабулгоҳи мардумӣ»-и ноҳияи Риштон, ки 1 апрел ҷойҳои холии кориро эълон дошт, яке аз маъсулин ба ӯ пешниҳод кард, то қарз гирифта, тиҷорати худро ба роҳ монад.
«Ман низ хӯшҳол гашта, розӣ шудам. Вале ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев аз ҷояш бархосту риши кутоҳу нӯгборики маро нишон дода, гуфт, ин чӣ аст? Ҳар вақт инро гирифтед ва ба монанди мо як одами муқаррарӣ шуда омадед, баъд ба шумо қарз медиҳанд», — гуфт ошпаз.
Шерзод Мадаминов мегӯяд, баъди ин суханҳои ҳокими вилоят мардум ӯро дар зодгоҳаш ноҳияи Риштон масхара мекунанд. «Он рӯз дар ҷаласа одамони зиёд буданд. Ҳар вақт маро мебинанд, масхара карда, мепурсанд, ки «ҳанӯз ҳам одами муқаррарӣ нашудед?», — изҳор дошт ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ