Ришод Зоҳир, фарзанди Аҳмад Зоҳир: Мо тоҷике, ҳаммилатем!
Алмоси Шарқ Аҳмад Зоҳир орзу дошт, ки ба Тоҷикистон сафар кунад ва барои мухлисонаш консерт баргузор намояд. Вале… 14-уми июни соли 1979, дар синни 33-солагӣ ӯ дар як садамаи тарҳрезишудаи нақлиётӣ аз олам даргузашт. Инак, бо гузашти 45 сол орзуи ӯро фарзандаш Ришод ва наберааш Ёсин ҷомаи амал пӯшониданд.
Аз сафар хуш омадӣ…
Ришод Зоҳир бо фарзандаш Ёсин, ки ҳар ду дар пайравӣ ба Алмоси Шарқ суруд мехонанд, 9-уми июн вориди Душанбе шуданд. 14-уми июн бахшида ба рӯзи таваллуд ва марги Аҳмад Зоҳир дар “Кохи Суруш” таҳти унвони “Аз сафар хуш омадӣ” маҳфили ёдбуд баргузор мегардад. Ин маҳфил бо ташаббуси шоири маъруфи тоҷик Меҳринисо, раиси МТЖТ Хуршеди Атовулло ва роҳбари “Кохи Суруш” Зуҳуршо Зафарзода роҳандозӣ шудааст. Дар он дар баробари Ришод ва Ёсин Зоҳир ҳунармандони тоҷик, ки бо сабки Аҳмад Зоҳир суруд мехонанд, низ ширкат мекунанд.
Фарзанди Аҳмад Зоҳир
Ришод Зоҳир — сароянда ва оҳангнавис. Фарзанди Аҳмад Зоҳир аз ҳамсари аввалаш Ноҷия. Ӯ соли 1970 зимни сафари волидайнаш дар шаҳри Сиэтли Амрико таваллуд шудааст. Дар яксолагиаш падару модараш ӯро ба Афғонистон меоранд. Вақте 9 сол дошт, падараш аз олам даргузашт. Дар синни 11-солагӣ ҳамроҳи модараш ба Амрико баргашт. Ӯ аз даврони наврасӣ ба мусиқӣ дил баста, дар пайравӣ ба падар суруд мехонд. Соли 1987 дар синни 17-солагӣ аввалин албоми худро бо номи «Гули интизор» нашр кард. Ӯ то имрӯз даҳҳо барномаи ҳунарӣ иҷро карда, муаллифи 4 албом аст.
Ришод Зоҳир: Падарам ба Худо наздик буд!
— Ҷаноби Ришод, нахуст шуморо ба Тоҷикистон, ба сарзамини Аҳмад Зоҳир хушомадед мегӯем. Сарзамини Аҳмад Зоҳир гуфтани Тоҷикистон бесабаб нест, зеро беш аз 50 сол аст, ки мардуми тоҷик Аҳмад Зоҳирро дӯст медоранд ва ҳунарманди худ медонанд.
— Сипос. Ман аз муҳаббати мардуми тоҷик ба падарам огоҳам ва мефахрам.
— Аз падар чӣ хотирот доред?
— Падарам мутаассифона, умри кӯтоҳ дид. Вақте ӯ даргузашт, ман кӯдак будам. Вале бо вуҷуди ин, хотироте аз ӯ дорам. Як хотираи зебоям чунин аст: Ӯ як рӯз дар як қуттӣ 6-7 харгӯши сафедро оварда, гуфт: “Бачем, инҳо барои ту. Муроғибаташон кун”. Он рӯз бисёр хушҳол буд, хушрӯ ва хушбӯй буд. Тарафи осмон нигоҳ кард. Ман ҳам нигоҳ кардам. Осмон обиву соф буд. Ӯ гуфт: “Ришод, бигӯ: чӣ ҳавоест, чӣ фазоест, чӣ дунёи мақбул аст…”. Ва ман такрор кардам. То ҳол ин ҳарфҳо дар гӯшам аст.
— Ҳунари падарро кай шинохтед?
— Падарам як инсони истисноӣ ва худодода буд. Истеъдоди ӯ барои шумо ва кулли фарсизабонон собит аст. Ман кӣ ҳастам, ки ӯро баҳо диҳам? Фақат ифтихор мекунам, ки фарзандаш ҳастам. Аз падар ҳамагӣ 2 навор боқӣ мондааст: “Худо бувад ёрат” ва “Лайлиҷон”. Мехост, ки шеъри Ҳофиз “Ай подшаҳи хубон”-ро ҳам сабт кунад, вале имкон наёфт. Ҳамин ду видео кифист, ки ӯро шиносед. Ҳамин кифоя аст, ки ӯро ин ҳама сол дӯст медоранд.
— Иттилое ҳаст, ки Аҳмад Зоҳир дар Эрон як барномаи консертӣ баргузор мекунад ва он пурра сабти видеоӣ шудааст. Оё барои пайдо кардани он талош кардед?
— Ман ҳам инро шунидаам. Вале фикр мекуунам, ки агар мебуд, мову шумо онро тамошо мекардем…
— Далели ишқу алоқаи мардум ба Аҳмад Зоҳир дар чист? Оё боре дар ин маврид андеша кардаед?
— Падарам ҷозиба дошт. Вақти таваллуди ман ӯ як муддат дар Сиэтл зиндагӣ мекард. Модарам, ки соли 2015 аз олам даргузашт, мегуфт, ки дар ин муддат тамоми шаҳр ошиқи ӯ шуда буд. Амрикоиҳо намедонистанд, ки гутипаррон (бодбарак) чист. Вале дар пайравӣ ба падарам, гутипарронбозӣ мекарданд. Ин ҷаззобият аст. Инро фаҳмонида намешавад. Падарам шахси ба Худо наздик буд. Аз фавти ӯ 45 сол мегузарад, вале имрӯз ҳам ӯро дӯст медоранд. Магар ин ҷаззобияти худодод нест?
— Дар бораи ҳувияти Аҳмад Зоҳир назарҳо мухталифанд. Гурӯҳе мегӯянд, ки ӯ тоҷик аст, гурӯҳи дигар пойфишорӣ мекунанд, ки паштуст. Ҳақиқат чист?
— Аввалан, Аҳмад Зоҳир аз ҳамаи ҷаҳон аст. Аммо агар ҳақиқатро бигӯям, аҷдодони мо 80 фисад тоҷиканд. Мо тоҷикем, мо ҳаммилатем. Падарбузурги ман, падари Аҳмад Зоҳир Абӯзоҳир зодаи минтақаи Демазанг буданд. Гузаштаҳои мо аз музофоти Лағмон ҳастанд. Ин ифтихори мо аст.
— Имрӯз дар Афғонистон гурӯҳе ҳукмрон ҳастанд, ки табар ба решаи фарҳанг мезананд. Ин вазъ то куҷо шуморо нигарон кардааст?
— Мутаассифона, вазъ чунин аст. Имрӯз дар зодгоҳи Аҳмад Зоҳир ба фарҳангу ҳунари мусиқӣ арҷ намегузоранд. Дар ҷое, ки ҳунар арзиш надорад, бояд тарсид. Вазъи имрӯзи Афғонистон моро нигарон кардааст. Вале умедворем, ки ин доимӣ нест… Худованд меҳрубон аст, бубинем чӣ мешавад…
— Бисёре аз овозхонҳои тоҷик оҳангҳои Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ мекунанд…
— Аз ин огоҳам. Ин барои хонаводаи Зоҳир ҷойи ифтихор аст.
— Оё то имрӯз касе барои бозхонӣ аз шумо расман иҷозат пурсидааст?
— Иҷоза чӣ лозим? Падарам аз ҳама аст. Аз шумост. Ман кӣ ҳастам, ки аз ман бояд иҷозат бипурсанд?
— Дар бораи фоҷеаи марги падар чӣ медонед?
— Мутассифона ӯро аз пеши мо гирифтанд. Вале ӯ зинда аст. Дар қалбҳои мову шумо.
Аҳмад Зоҳир ва Найнавоз
Аҳмад Зоҳир дар баробари он ки худ мусиқӣ эҷод мекард, бо бастакорон низ ҳамкорӣ дошт. Аз ҳама бештар ӯ сурудҳои ду оҳангсоз — Валии Таронасоз ва Фазлаҳмади Найнавозро иҷро кардааст. Дар сафари Ришод ва Ёсин Зоҳир ба Душанбе фарзанди Фазлаҳмади Найнавоз Салоҳиддин Закариё онҳоро ҳамроҳӣ мекунад. Ба эшон бо чанд суол муроҷиат кардем.
— Дар бораи дӯстӣ ва ҳамкории Аҳмад Зоҳир бо Фазлаҳмади Найнавоз чанд ҳарф бигӯед.
— Онҳо дӯстони қарин ва ёрони наздик буданд. Ёдам ҳаст, вақте Аҳмад Зоҳир даргузашт, устод Найнавоз зиёд ғамгин буд. Ӯ барои дӯсташ марсияе навишт. Аммо ҳукумати вақт рӯзи ҷанозаи Аҳмад Зоҳир иҷоза надоданд, ки касе суҳбат кунад. Вале устод Найнавоз натарсида, дар ҳузури 10 ҳазор нафар 45 дақиқа дар бораи Аҳмад Зоҳир суҳбат кард. Баъди 2 ё 3 моҳ устод Найнавозро ҳам аз байн бурданд.
— Ҳамкории онҳо чӣ гуна сурат мегирифт?
— Инҳо маҳофили бисёр ҷолиб доштанд. Ман он вақт ҷавони 16-18-сола будам ва шоҳиди ин маҳофил ҳастам. Вақте вомехӯрданд, суҳбатҳояшон чунин шуруъ мешуд, Аҳмад Зоҳир мепурсид: “Устод, чӣ сохтед?”. Устод Найнавоз 2-3 оҳанги навашро менавохту мегуфт, ки ҳар кадомашро хоҳӣ, интихоб кун ва ба эҳсоси худ бихон. Ва ҳар кадомеро Аҳмад Зоҳир интихоб намекард, ба ҳунармандони дигар медод. Устод Найнавоз Аҳмад Зоҳирро дӯст медошт, зеро ӯ истеъдоди фавқулода буд.
— То ҳол пажӯҳишгарони ҳунари Аҳмад Зоҳир дақиқ накардаанд, кӣ ӯ дақиқан чанд суруд хондааст. Ҳамчунин, муаллифи баъзе оҳангҳои иҷрокардаи ӯ ҳам мушаххас нашудааст…
— Бале, ман ҳам 15 сол пеш то ҷое ин масъаларо таҳқиқ карда будам. Падари Аҳмад Зоҳир, ки садри аъзами Афғонистон буд, зимни сафарҳояш аз Аврупо, Амрико, Ҳинд ва дигар кишварҳо фиттаи сурудҳоро меовард. Ё Аҳмад Зоҳир дар ин сафарҳо бо ӯ буд ва бо мусиқии кишварҳои олам ошно шуда буд. Ӯ ҳамаи инро омӯхта, як гулдаста дуруст карда буд. Дигар ин ки, ӯ таассуб надошт. Вақте оҳангеро мешунид, ки ба дилаш чанг мезад, онро мехонд. Бинобар ин, ӯ оҳангҳои мухталифро дар сабкҳои мухталиф иҷро кардааст. Бояд пажӯҳишгарон болои ин масъала таҳқиқот баранд.
— Шумо бо хонаводаи Аҳмад Зоҳир солҳост, ки дӯстӣ доред. Ба онҳо аз хонаводаи маъруфашон чӣ мерос монд ва сарнавишти онҳо чӣ тавр ҷараён гирифт?
— Бале, ман бо Ришод беш аз 40 сол аст, ки робитаи дӯстӣ дорам. Ӯ вақте хурд буд, бо модар Ватанро тарк кард. Модараш зане буд, ки ба мероси хонаводаи бузурги Зоҳир даст дароз накард. Бинобар ин, онҳо дар Амрико зиндагии бисёр оддӣ доштанд. Кор карданд, талош карданд ва бо заҳмат зиндагии худро пеш бураданд. Ришод дар Ню Йорк дар назди Ғуломовоз ном устоди таблнавози покистонӣ таълим гирифт. Дар баробари ташвишҳои рӯзгор сарояндагӣ ҳам мекунад. Ёсинҷон низ имрӯз кори падару бобояшро идома медиҳад. Ҳоло вай дар оғози роҳ қарор дорад. Умедворам, ки дар оянда корҳои мондагор хоҳад кард.
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ