Ришва дар комиссариати ҳарбӣ ва талаби «Мерседес»

Агентии мубориза бо коррупсия хабар додааст, ки корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Сироҷиддини Мирзомуддин аз як даъватшаванда бо ваъдаи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ва додани билети ҳарбӣ 4 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст, вале ҳангоми гирифтани ин пул дастгир шудааст. Чанд рӯз пеш Агентӣ аз боздошти фармондеҳи взводи қисми низомии 07017 хабар дод, ки аз падари як сарбоз дар ивази аз идомаи хидмати ҳарбӣ озод кардани писараш ҳамчун пора … мошини «Мерседес” гирифтааст.

Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти боз як корманди комиссариати ҳарбӣ бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҷараёни мавсими тирамоҳии даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ хабар дод.Бино ба ин манбаъ, рӯзи 16 октябр шаҳрванд «А” ба Агентӣ шикоят кардааст, ки мутахассиси пешбари зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Сироҷидини Мирзомудин бо сӯиистифода аз мақоми хизматӣ аз вай барои ба таъхир андохтани муҳлати даъваташ ба хизмати ҳарбӣ ва додани билети ҳарбӣ 4000 сомонӣпора талаб дорад.Рӯзи 18 октябр нисбат ба Сироҷиддини Мирзомуддин бар асоси моддаи247, қисми 2 бандҳои «в, г”  КҶ Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, худи ҳамон рӯз корманди комиссариат ҳангоми аз шаҳрванд «А”гирифтани 4 ҳазор сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардидааст. 4 ҳазор сомонӣ маблағи пораро ҳамчун далели шайъӣ мусодира кардаанд.Агентии мубориза бо коррупсияи мегӯяд, тафтиши парвандаи Сироҷиддини Мирзомуддин анҷом ёфта, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 17 декабр аз анҷоми тафтиши боз як парвандаи дигари порагирӣ дар саффи Қувваҳои мусаллаҳ хабардода буд. Дар он гузориш гуфта мешуд, ки ҳангоми санҷиши аризаи шаҳрванд «А” муайян карда шуд, ки Раҳмонов Амиршо Абдуқаҳорович, командири взводи ротаи тирандози савораи қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тахминан моҳи июни соли 2018 дар ҳудуди қисми ҳарбӣ аз сарбози қаторӣ «А», ки дарин қисми ҳарбӣ хидмат мекард,барои аз адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ озодкардани ӯ 15 ҳазор доллар талаб кардааст. Аммо сарбоз «А”, ки ин қадар маблағи бузурги хостаи Амиршо Раҳмоновро надошт, ба командирашгуфтааст, ки танҳодар сурати фурӯхтани автомашинаи тамғаи»Мереседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 08-13АТ03, ки ба падараш тааллуқ дошт, метавонад маблағи мазкурро ба ӯ диҳад. Агентӣ мегӯяд:«Раҳмонов А.А. баъди шунидани ин ҳолат аз фурсати муносиб истифодабурда, аз сарбоз «А” талаб намуд, ки ба ҷои маблағи 15000 сомонӣ падарашавтомашинаи болозикрро ба ӯ диҳад. Вале 10-августи соли 2018 аз тарафи кормандони Агентӣ нисбати РаҳмоновАмиршо Абдуқаҳорович бо моддаи 247 қисми 4 банди «б”Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дарнатиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ номбурда баъди бо роҳифиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба номи худ ҳуҷҷатгузорӣ намудани автомашинаимазкур дастгир карда шуд.

Сабаби ба ҷои моддаи 319 (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) бар асоси моддаи 247 (қаллобӣ) корбаст шудани ин парванда ин будааст, ки аз хидмати ҳарбӣ озод кардани сарбоз бадоираи ваколатҳои хидматии Амиршо Раҳмонов намедаромад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *