Ришвахӯр бо 22 000 сомонӣ ба даст афтод
Тавре Агентии мубориза бо ҷиноятҳои иҷтисодӣ ва коррупсия хабар додааст, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ корманди комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон Дустов Раҷбалӣ баъд аз гирифтани ришва ба миқдори 22 ҳазор сомонӣ ба даст афтодааст. Ӯ баъди бевосита талаб карда гирифтани маблағ аз шаҳрванд “А” дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, аз ӯ 22 000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Дустов Раҷабали Ҷумахонович парвандаи ҷинояти бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ба Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ирсол карда шудааст.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом боздоштшударо ҷарима ба андозаи аз 54700 то 87600 ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода таҳдид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ