Ришвахӯр  бо погон ҳам ришвахӯр аст

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб бозпурсии кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ин минтақаро, ки дар як навори видеоӣ пулгириашон аз сайёҳони хориҷӣ сабт шуда, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, оғоз кардааст.

Як манбаъ аз ин ниҳод гуфтааст,ки  чанд корманди милиса, ки дар он навор дида мешуд, ба Агентӣ даъват шуданд. Ба гуфтаи манбаъ, баъди пурсуҷӯ ва гирифтани баёнот маълум шуд, ки дар ин кор ду корманди Бозрасии автомобилии минтақаи Кӯлоб бо номи Саидшоҳ ва Меҳровар, даст доштаанд. «Дирӯз баъди пахши ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои дохиливу хориҷӣ, мо тамоми кормандонеро, ки дар он навор дида мешуданд, даъват кардем ва баёноташонро гирифтем. Дар ин кор ду корманди Бозрасии давлатии автомобилии минтақаи Кӯлоб даст доштаанд — яке Саидшоҳ ва дигаре Меҳровар. Ҳоло нисбати ин амал тафтиш шурӯъ шудааст»,-гуфтааст ин  манбаъ. Аз Раёсати Бозрасиии давлатии автомобилии минтақаи Кӯлоб хабари бозпурсии ин ду корманд аз сӯи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки нисбати ин амал аллакай санҷиш шурӯъ шуда, ин ду нафар аз вазифаҳояшон сабукдӯш гардиданд. Муаллифи ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ Миҳай Сикаи 34-сола аз Руминия мебошад, ки моҳи июли соли 2017 бо як дӯсташ ба Помиру Душанбе омад. Видеоеро, ки ӯ нашр кард, нишон медиҳад, чӣ гуна баъди гуфтугӯи тӯлонӣ як миқдор пулро дар курсии пеши мошини нозирони роҳ мегузорад ва асабонӣ ба самти мотосиклаш бармегардад. Ба қавли сайёҳи руминӣ, онҳо аз Русияву Муғулистону Қазоқистону Қирғизистон ҳам гузаштанд ва фақат дар Тоҷикистон ба чунин бархӯрд рӯ ба рӯ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *