Ривоҷи дини Ислом дар Канада
Олимони канадгӣ ба чунин хулоса омаданд, ки сабаби зиёд ба дини Ислом гаравидани шаҳрвандони кишварашонро муайян кунанд.
“Дар Канада то ҳол дар ин хусус ягон маводӣ илмӣ интишор нашудааст. Аз ин рӯ, ман чунин фикр кардам, ки ин имконияти беҳтарин аст барои муайян намудани сабаби ривоҷ ёфтани ин зуҳурот дар байни аҳолии кишвар”, — гуфтааст профессори донишгоҳи Мелбурн Скотт Флауэр ба хабарнигори “Islam News”.
Татқиқотеро, ки академики австралягӣ дар Канада доир кардааст, аз ҷониби Вазорати амтияти миллии кишвар маблағгузорӣ шудааст. Ин олим барои анҷом додани татқиқот аллакай маблағи 170 ҳазор доларро ба сифати бурс дастрас намудааст.
Профессор Скотт Флауэр муддати чанд моҳи оянда барои анҷом додани тадқиқоташ дар Канада фаъолият хоҳад кард ва аз ашхоси ба дини Ислом гаравида сабаби парастиш намудани ин динро пурсон мешавад.
“Ин масъалаи муҳими рӯз ба ҳисоб меравад ва дар сурати анҷом додани татқиқот ва муайян намудани ақидаи шаҳрвандони кишвар мо ба хулосае омадем, ки дар оянда дар ин самт бояд кадом корҳоро анҷом диҳем”. -таъкид кардааст профессор.
Бошнашр аз ҳафтаномаи “Дунё”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ