Риёл 4 сифрашро аз дода… туман ном мегирад

Ҳукумати Эрон нақшаи ислоҳоти пулӣ ва табдили номи пули миллӣ ба туманро тасдиқ кард. Ҳамакунун аз моҳи январи соли оянда аз пулҳои эронӣ 4 сифр лағв хоҳад шуд.

Алӣ Рабиӣ, намояндаи Ҳукумати Эрон ба хабарнигорон гуфтааст, ки ислоҳоти пулӣ ба далели мушкилоти шадиди иқтисодӣ ва осон кардани ҳисоби пулӣ анҷом мешавад.

Агар се соле қабл 1 доллари амрикоӣ ба 37 ҳазор риёл баробар буд, ҳоло ин рақам 180 ҳазор риёлро ташкил медиҳад.

Сабаби асосии беқурбшавии пули миллии Эрон аз муоҳидаи ядроӣ хориҷ шудани Амрико дар соли 2015 ва эъмоли таҳримҳо нисбати ин кишвар маҳсуб мешавад.

Феълан қурби расмии пули Эрон нисбати 1 доллари амрикоӣ 42 ҳазор риёл буда, аммо дар бозори “сиёҳ” 1 доллар 120 ҳазор риёл арзиш дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *