Ризқ дар гардиши чархи ароба

Анақул Тошпӯлодов беш аз 15 сол аст, ки аз бозорҳои шаҳри Бохтар меваю сабзавотро харидорӣ мекунад ва назди биноҳои баландошёна мефурӯшад. Ӯ ҳамарӯза ҳудуди 300 кг маҳсулотро тариқи ароба дар кӯчаҳои шаҳр мегардонад.

“Дар аробаам 300 килограмм бор аст. Ҳар рӯз наздик ба 10 км роҳ меравам. Ин кор бароям чандон мушкил нест. Зеро, бо меҳнати ҳалол ризқамро меёбам. Мизоҷон дар ҳақам дуои нек мекунанд, чунки маҳсулотро ба назди хонаашон мебарам. Фарзандонам дар паҳлуям низ кор мекунанд. Вале ман намехоҳам миннатпазир бошам. Касбу корамро дӯст медорам. Рӯзе дар хона бекор бошам, худро заифи мариз эҳсос мекунам. Кор ба солимии баданам таъсири мусбат мерасонад, зеро, ҳар рӯз дар ҳаракат ҳастам”,- мегӯяд Анақул Тошпӯлодов.

Амаки Анақул дар шаҳри Бохтар иҷоранишин аст. Моҳе як бор ба дидани пайвандонаш ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ меравад. Ӯ соҳиби панҷ фарзанд, се писар ва ду духтар аст. Қаблан аробакашӣ мекард, маҳсулоти харидорикардаи мардумро аз дохили бозорҳои шаҳр то манзилашон мерасонд. Акнун ин корро ба тиҷорати хурде табдил додааст. Субҳи барвақт аз хона берун шуда, то шом маҳсулот мефурӯшад.

“Дар мавсими меваю сабзавот ва полезиҳои гуногун, аз ҷумла шалғаму турб, шибиту гашнич, пиёзу сабзӣ, себу анор, ангуру шафтолуро аз деҳқонбозори “Ҳоҷӣ Шариф” харидорӣ намуда, дар назди хонаҳои мардуми шаҳр мефурӯшам. Шукри Худованд, дар як рӯз беш аз 100 сомонӣ фоида ба даст меорам. Мардум аз ман мепурсанд, ки “бо ин қадар бори вазнин хаста намешавӣ?”. Чаро хаста шавам?! Роҳҳо мумфаршанд. Гардиши чархи аробаам ризқамро медиҳад. Ҳама касбу кор заҳматталаб аст. Зинҳор набояд баҳонаи набуди кор кард. Танҳо ганҷе, ки арзиши ҷустуҷӯ карданро дорад, ҳадаф аст”,- мегӯяд ин мард.

Анақул Тошпӯлодов таъкид мекунад, ки заҳмат инсонро обутоб дода, соҳиби иззату эҳтиром мегардонад.

Наҷибулло ВАЛИЕВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *