Ризоев аз зиндони Ӯзбекистон озод мешавад

Пайвандони Саидқул Ризоев, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Узбекистон бо гуноҳи ҷосусӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст, мегӯянд, эҳтимолан ӯро ба зудӣ озод кунанд.

Мақсуда Рустамова, ҳамсари Саидқул гуфтааст, ки бар асоси Қонуни афви моҳи декабри соли гузашта чаҳор сол аз ҳукми зиндони шавҳараш кам шуд ва мумкин аст, ӯ моҳи октябр озод шавад.Моҳи декабри соли гузашта дар Узбекистон Қонун дар бораи афв имзо шуд, ки бар асоси он бояд 2700 зиндонӣ, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ озод шаванд ва ё ҳукми зиндонашонро кам кунанд.Саидқул Ризоеви 54-сола аз шаҳри Панҷакент, дар намояндагии ширкати англисии “Оксус Голд” дар Узбекистон кор мекард ва моҳи марти соли 2011 бо гуноҳи ҷосусӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ ҳафт сол боз дар зиндон аст.Мақсуда Рустамова моҳи апрел ба дидани шавҳараш рафтааст ва худи шавҳараш ва мақомоти зиндон гуфтаанд, ки ӯ моҳи май аз зиндони низомаш шадид ба зиндони низомаш умумӣ интиқол меёбад. “Мӯҳлати ҷазои шавҳарамро бо шарофати президенти нави Узбекистон кам карданд. Ин аз моҳи декабри соли 2017 сар шуд. Вақте шавҳарамро дидам, гуфт, нисбати дигар нафарон, ки ба ҷосусӣ айбдор мешуданд, афв ҷорӣ карданд. Ҳафт сол нишаст, дигарашро бахшиданд. Ҳамин рӯзҳои наздик ба зиндони низомаш умумӣ мегузаронанд ва то моҳи октябр пурра ба озодӣ мебарояд” – гуфт, ӯ. Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон ҳанӯз ин хабарро тасдиқ накардаанд, вале як манбаъ аз мақомоти интизомӣ гуфтааст, ки панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бар асоси Қонуни афви Узбекистон афв шудаанд.Саидқул Ризоев, муҳандиси тоҷик, ки замони боздошт 46 сол дошт, дар ширкати «Оксус Голд» кор мекард.Ин ширкат 50 дарсади саҳмияҳои корхонаи муштараки Узбекистону Бритониё- “Конҳои тиллои Амантантау”-ро дар даст дошт. Саидқул Ризоев ҳафт соли пеш боздошт шуд ва маъмурони амнияти Узбакистон, аз Саидқул Ризоев “флешдиске” гирифтаанд, ки ба иддаои онҳо, дар он иттилооти махфӣ дар бораи захираҳои тиллои минтақаи Амонтайтауи ноҳияи Навоии Узбекистон ҳифз шуда буд. Пайвандон ва ин ширкат ҷосус будани Саидқулро рад карданд. Онҳо гуфтанд, Саидқул иттилоеро дар «флешдиск» дошт, ки ҳар нафар онро метавонист дар интернет пайдо кунад.Ин шаҳрванди Тоҷикистон иттиҳомро дар додгоҳ эътироф накард. Мақсуда Рустамова, ҳамсари Саидқул мегӯяд, бо вуҷуди афв ҳукми ҷосусӣ нисбат ба шавҳараш бетағйир боқӣ мондааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, шавҳараш ҳеҷ гоҳ ин иттиҳомро ба дӯш нагирифта буд.Қаблан, пайвандони ин мард шикоят мекарданд, ки аз аҳволи бародарашон дар зиндон огоҳ шуда наметавонанд. Аммо Мақсуда Рустамова, ҳамсари ӯ гуфт, пас аз хуб шудани муносибати Тоҷикистону Узбекистон бемамониат бо ӯ дидор мекунанд.Соли гузашта Облоқул Ризоев, бародари Саидқул Ризоев ба президенти Узбекистон барои афви бародараш мактуб навишта хоста буд, ки ӯро озод кунанд. Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Узбекистон дар замони раҳбарии Ислом Каримов рух дод. Дар даврони Каримов ин ду кишвар муносибати хуб надоштанд.То ду соли пеш аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Узбекистон хабарҳо нашр мешуд. Дар аҳди Ислом Каримов, чандин нафар аз сокинони Узбекистонро ба ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон муттаҳам карда ва ба зиндон андохтаанд. Аммо баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, дар соли 2016 ин гуна гузоришу хабарҳо дигар мушоҳида намешаванд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *