Ризвониёни эронӣ ба рӯи Гулбаҳори тоҷик кислота пошиду ӯро бо табар зад

Мақомоти милисаи вилояти Хатлон шаҳрванди 49-солаи Эрон Сайёд Ҳусейн Ризвониёнро бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштори ҳамсари собиқи 30-солааш Гулбаҳор Ашӯрова дастгир кардаанд. Бино ба фарзияи тафтишот, Ҳусейн Ризвониён ҳамсари собиқашро, ки зодаи Ҳисор буд, вале муваққатан дар Ёвон зиндагӣ дошт,таъқиб мекард ва  шаби 16 ба 17 октябр дар назди манзили ;иҷораи Гулбаҳор Ашӯрова дар ноҳияи Ёвон камин гирифтааст. Вақте ки ҳамсари собиқаш ба хона бармегашт, Ризвониён аз камин берун ҷаҳида, ба сару рӯи зан кислота пошидааст ва ҳамчунин бо табар ӯро аз ноҳияи сар ва дигар аъзои баданаш захмӣ кардааст Гулбаҳор Ашӯроваро бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони бемориҳои сӯхтагии шаҳри Душанбе интиқол додаанд. Дар ҷараёни тафтиш муайян карда шуд, ки Гулбаҳор Ашӯрова моҳи апрели соли ҷорӣ бо шаҳрванди Эрон Сайёд Ҳусейн Ризвониён, ки муваққатан дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард, оила барпо кардааст, вале баъди чанде онҳо ҷудо шудаанд. Ҷабрдида гуфтааст, ки аз дасти ин мард рӯз надошт ва ӯро дар ҳар куҷое, ки пайдо мекард, латтукӯб ва таҳдид ба куштан мекард. Рӯзи 16 октябр Ризвониён аз як дӯсташ хабар меёбад, ки Гулбаҳор дар як маркази дилхушии ноҳияи Ёвон қарор дорад. Ӯ нақша мекашад, ки ӯро ҷисман аз байн барад ва бо ин мақсад бо худ маҳлули кимиёвии кислота гирифта ва ҳамчунин аз Душанбе як табар харида, ҳамроҳи рафиқаш Комрон Нуралиев, сокини шаҳри Кӯлоб, ба Ёвон мераванд ва дар назди манзили иҷораи Гулбаҳор даркӯчаи Турсунзодаи шаҳраки Ёвон ӯро мунтазир мешаванд. Гулбаҳор он шаб соати 23 ба хона бармегардад ва дучори ҳамлаи ваҳшиёна мешавад. Ризвониён баъди пошидани кислота ба сари рӯи Гулбаҳор ва чанд зарбаи табар ба бадани ӯ аз ҷои ҳодиса фирор кард, вале кормандони милиса дар гармогармиаш ин ҷиноятро ошкор ва ин шаҳрванди Эронро дар маркази Душанбе дастгир карданд. Худи Сайёд Ҳусейн Ризвониён дар барномаи “Ахбори ВКД” ҷараёни ҳодисотро чунин нақл кард: “Ду моҳ бо ҳам зиндагӣ кардем. Баъд дугонабозӣ шурӯъ шуду гурехт аз ман, рафт. Рафту ҳар шаб бо Ватсапп бо ман суҳбат мекард. Хуҷандро гаштам, Қӯрғонтеппаро гаштам Дугонае, ки бо худаш зиндагӣ мекард, маро занг заду гуфт, ки дар Ёвон аст. Соати ёздаҳуним омад, ҷангамон шурӯъ шуд, даъво шурӯъ шуд. Дигар ман аз милисаҳо тарсидаму гурехтаму омадам Душанбе, ки милисаҳо омада, маро гирифтанд Ризвониён ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, додситонии Ёвон нисбат ба ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштор бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Ин банди қонун ҳамчун муҷозот аз 15 то 25 соли зиндон ва ҳатто ҳабси умрбодро пешбинӣ мекунад, вале ҳукми Ризвониён метавонад каме сабуктар бошад, чунки ӯ, ба таъбири ҳуқуқшиносон, “нақшаи аз ҳаёт маҳрум кардани ҷабрдидаро то охир расонда натавонистааст.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *