«Роғун» дар соли 2022 чӣ қадар барқ истеҳсол кард?
Нерӯгоҳи «Роғун» дар соли гузашта ба «Барқи тоҷик» ба маблағи беш аз 382 млн сомонӣ барқ фурӯхтааст.
Дар ин бора раёсати ширкати «Барқи тоҷик» зимни як нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки харидории барқ аз «Роғун» дар соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Дар маҷмуъ аз нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» давоми сол ба андозаи 1 млрд 640 млн киловат/соат нерӯи барқ харидорӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки хариди барқ аз нерӯгоҳи «Роғун» дар соли 2021 ба 342 млн сомонӣ баробар буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ