“Роғун” ва “Талко” хусусӣ намешаванд, Юсуф Раҳмон аз мақомаш барканор мешавад?
Имрӯз ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад. Дар ин бора, дирӯз фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Ҷаласаи ғайринавбатӣ 24 январи соли 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор гашта, Президенти кишвар ба Маҷлиси миллӣ ду масъаларо пешниҳод кардааст, ки яке марбути таъиноти прокурори генералии Тоҷикистон ва дигаре аз моликияти истисноии давлат хориҷ кардани нерӯгоҳи «Роғун» ва корхонаи алюминиюм «Талко» мебошад.
Масъалаи якум дар бораи додани ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озод ва таъин намудани Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, омадааст дар фармон.
Юсуф Раҳмон прокурори генералии Тоҷикистон, ки аз моҳи январи соли 2015 дар ин мақом кор мекунад. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, прокурори генералӣ аз тарафи Президенти Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ба мӯҳлати 5 сол таъин мешавад. Феълан маълум нест, ки таъиноти Юсуф Раҳмон тамдид мешавад, ё нафари дигар ба ин мақом таъин мегардад.
Масъалаи дуюм тағйирот ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” мебошад. Дар асоси тағйирот ба қонуни мазкур Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” аз феҳристи иншооте, ки хусусигардонияшон мамнуъ буд, хориҷ карда шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ