Роҳҳои халқии рафъи арақкунӣ

Растаниҳои табобатӣ барои рафъ намудани бӯйи нохуши арақи бадан таъсири олиҷаноб мерасонанд. Аз ҷумла булут (кора дуба) ё календула арақи баданро ба зудӣ хушк мекунад.

1 қошуқ решаи дарахти булутро дар як стакон оби ҷӯшида, дар болои оташи паст 15 дақиқа ҷӯшонед ва баъди хунук шуданаш бо ин об ҷойҳои арақмекардаи пӯстатонро тоза кунед. Барои дар чунин гиёҳоб нигоҳ доштани пойҳо 3 қошуқ пӯсти дарахти булутро ба зарфе андозед ва аз болояш оби ҷӯшида рехта, монед тақрибан як соат истад, баъдан обро полонида, пойҳоятонро 15-20 дақиқа дар он нигоҳ доред. 2 қошуқ гулҳои хушки календуларо дар 1 литр оби ҷӯшидагӣ камтар ҷӯшонед, сипас аз дока полонда, поятонро дар ин об нигоҳ доред. Баъзе намудҳои маҳсулот арақкуниро кам ва бӯйи нохушро рафъ месозанд, аз ҷумла, сиркои себин, шарбати лимӯ ва содаи хӯрока. Миқдори баробари об ва содаро якҷоя карда, ба таги каш ва пошнаи пойҳоятон молед.

Шарбати лимӯ пӯстро хушк месозад ва ба микроорганизмҳо имкон намедиҳад, ки афзоиш ёфта, бӯйи нохушро ба вуҷуд биёранд. Шарбати лимӯ барои пӯсти ҳасоси таги каш тавсия дода намешавад, вале барои пошнаи пой айни муддао аст.

Дар 1 истакон об 1 қошуқча содаи хӯрока андохта кобед, антиперспиранти табиӣ омода мегардад.    

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *