Роҳҳои кадом кӯчаҳои Душанбе баста мешаванд?
Имрӯз, 16-уми январ роҳҳои мошингард дар чанд кӯчаву хиёбони пойтахт муваққатан баста мешаванд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки 16-уми январ, аз соати 9:00 то соати 20:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи хиёбони Рӯдакӣ ва Сомонӣ, кӯчаҳои Сино ва Н.Махсум муваққатан баста мешаванд.
Бинобар ин, аз ронандагон хоста шудааст, ки аз роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз низ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 17:30 то 19:30 дар кӯчаҳои Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ муваққатан маҳдуд мегардад.
Қобили зикр аст, ки сабаби муваққатан баста шудани ин роҳҳо сафари Масъуд Пизишкиён, президенти Эрон ба Тоҷикистон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ