Роҳҳои осон ва қулайи интиқоли маблағ барои муҳоҷирон
«Ҳамён»-и «МегаФон Life» барои зуд ва осон интиқол додани воситаҳои пулӣ ба наздикон, ҳангоми қарор доштан дар кишвари дигар, кӯмак менамояд. Барои ин танҳо телефон бо замимаи фаъолкардашуда лозим аст.
«Ҳамён» дар замимаи «МегаФон Life» барои анҷомдиҳии садҳо амалиёти гуногуни молиявӣ имконият медиҳад. Маъмултарини онҳо дар байни муҳоҷирон — интиқоли маблағ ба хона, пардохти ҳисобномаҳои ХМК ва пур кардани тавозуни телефони наздикон мебошанд. Муҳим он аст, ки пеш аз сафар тартиби мушаххаскунӣ (идентификатсия)-ро дар толори ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ё идораҳои ТАҚХ “Ҳумо” гузаред. Ин барои озодона идора кардани маблағҳои худ имкон медиҳад.
Барои интиқол — масалан, аз Русия ба Тоҷикистон, аввал бояд корти бонкии русиягӣ ба замимаи «МегаФон Life» пайваст карда шавад. Пас аз ин, дар ҳисоби корбар маблағ барои интиқол пайдо мешавад. Баъдан бояд дар саҳифаи асосии “Ҳамён” дар қисми “Интиқол ва кортҳо” тасвири “Интиқоли маблағ”-ро пахш кунед ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари қабулкунанда интихоб намоед. Сипас, нишон диҳед, ки интиқол ба куҷо анҷом дода мешавад — ба корти «Корти Миллӣ» ё «Ҳамён»-и шахси қабулкунанда дар “MeгаФон Life”. Вобаста ба ин, рақами корт ё «Ҳамён», маблағ ва ҳисобномаи пардохт ворид карда мешаванд («Ҳамён»/корт). Баъд аз ин сатри «Интиқол додан» пахш карда шуда, равзана барои воридкунии рамзе, ки тавассути СМС ирсол мегардад, пайдо мешавад. Баъди воридкунии рамз маблағ ба шахси қабулкунанда фиристода мешавад. Тамоми раванд якчанд дақиқа вақт мегирад, ки нисбат ба рафтан ба шуъбаи бонк ё ҷустуҷӯи банкомат хеле зудтар ва осонтар аст. Меъёри моҳона ҳангоми интиқоли маблағ аз ФР ба Тоҷикистон барои як қабулкунанда — 700 000 рублро ташкил медиҳад.
Дар «МегаФон Life», инчунин, smart-интиқоли маблағ бо рақами телефон тариқи паёмрасон дастрас аст. Бо ин роҳ маблағҳо танҳо ба рақамҳои муштариёне фиристода мешаванд, ки онҳо низ “Ҳамён” дар “МегаФон Life” доранд. Барои интиқол тавассути паёмрасон, бояд дар феҳристи асосӣ бандҳои «Зангҳо» — «Чатҳо»-ро гузашта, тамоси дилхоҳ интихоб карда шавад, нишони «TJS» пахш гардида, пин-рамзи «Ҳамён» ворид ва бо истифода аз клавиатураи пайдошуда маблағи интиқол нишон дода шавад. Пулро аз ҳисоби «Ҳамён», корти бонкии ба замима вобасташуда ё корти кредитии фаъолшудаи “Орзу” фиристода метавонед. Маблағи камтарини интиқол — 1 сомонӣ, маблағи зиёдтарин — 5 759 сомониро ташкил медиҳад. Меъёри моҳона – 125 999 сомонӣ.
Қабулкунандагони маблағҳо дар Тоҷикистон метавонанд онҳоро дар банкоматҳо, тариқи хизматрасонии «Cash Out» ва бо роҳи муроҷиат ба толори алоқаи “МегаФон Тоҷикистон” нақд кунанд. Хизматрасонӣ ба ҳамаи дорандагони кортҳои низоми “Корти Миллӣ”, новобаста аз бонки хизматрасон, дастрас аст. Комиссия ҳамагӣ 1% аст. Дар як рӯз то 10 000 сомонӣ аз як идора гирифтан мумкин аст.
Замимаи «МегаФон Life»-ро боргирӣ карда, аз тамоми имкониятҳои он, ҳатто ҳангоми қарор доштан дар хориҷа, истифода баред!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ