Роҳҳои осони пешгирии рехтани мӯй

Рехтани мӯйи сар ё ба таъбири дигар бигӯем, калшавӣ ба беморӣ ва иллатҳои узвҳои дохилии инсон вобастагӣ дорад. Бо ҳамин роҳ ҷисм бонги изтироб мезанад, то ки соҳибаш аз паси табобат шавад. Табиби мардумӣ Насриддиншоҳ Садриддиншоев роҳҳои табобати халқии пешгирии калшавиро ба шумо тавсия медиҳад.

Албатта, табиат худаш кони дармон аст ва дар қатори дигар бемориҳо иллати калшавиро низ бо воситаи гулу гиёҳҳо метавон даво кард, вале барои он ки табобат самараи хуб диҳад, сарчашмаи асосии резиши мӯйи сар ва калшавиро пайдо кардан лозим аст.

Дар сурати решаи бемориро наёфта, таваккалан доруву дармон кардан, як муддат беҳбудӣ ҳосил шавад ҳам, баъди чанд вақт боз ба ҳамин мушкил рӯ ба рӯ гаштан мумкин аст. Ба ҳар сурат банда чанд давои халқиро тавсия медиҳам, то санҷида бинанд.

Аввал. Шахсоне, ки мушкили рехтани мӯй ва калшавӣ доранд, агар тӯли як моҳ ҳар рӯз решаи гиёҳи аирро ҷӯшонида, обашро ба сарашон моланд, ин гиёҳоби муъҷизанок пӯсти сарро шифо бахшида, барои аз нав баромадани мӯйи сар ёрӣ мерасонад.

Дуюм. Барои табобати сари кал давои сегиёҳа тайёр кардан мумкин аст. Барои ин миқдори баробари гиёҳҳои сапали шутур (мать и мачеха), думи гов ва газнаро гирифта, омехта мекунед ва тахминан 30 грамм аз ин гиёҳҳои омехтаро дар зарфе андохта, аз болояш 1 литр оби ҷӯшидагӣ мерезед. Даҳони зарфро маҳкам карда, монед як-ду соат истад, баъд онро полонда, як рӯз пас, баъди саршӯйӣ ба саратон мемолед.

Сеюм. Боз як давои хеле соддае ҳаст, ки барои сари кал ва резиши мӯй таъсири хеле хуб дорад. Ин даво барги дарахти шафтолу мебошад. Чанд дона барги шафтолуро гирифта, нағзакак шӯеду кӯбед, сипас онро ба ҳамон ҷойҳои саратон, ки мӯяш рехтааст, мисли малҳам ғафсакак молед. Аз болояш селофан гузошта, бо рӯймол маҳкам баста хоб равед. Ин амалро чанд шаб такрор кунед, натиҷаашро мебинед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *