Роҳҳои валангори Бохтар: Масъулон ба куҷо менигаранд?
Аз ҷамъи умумии роҳҳои мошингарди шаҳри Бохтар қариб 40 дарсадашон ҳоли хеле хароб дошта, онҳоро мутахассисон ба талабот ҷавобгӯ намедонанд. Замони охирин таъмири куллияшон низ қабл аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон гуфта мешавад.
Сокинон иддао доранд, ки масъулин ба вазъи роҳҳои марказӣ аҳамият диҳанд ҳам, аммо ба роҳҳои дохилӣ ниҳоят кам таваҷҷуҳ мекунанд. Абдуқаҳҳор, сокини шаҳри Бохтар, мегӯяд, ки роҳи маҳаллаи онҳо, яъне “Маданият” охирин бор дар даврони шӯравӣ мумфарш шуда буд. “Бо гузашти солҳои тӯлонӣ қабати болоии роҳ қариб пурра вайрону валангор гардид. Вайронии роҳ ба рафтуомади мо мушкилӣ ба миён меорад. Мошинҳои кирокаш розӣ намешаванд, ки ба он ҷо раванд. Нархи роҳкироро ҳам аз ҳисоби чуқурчаҳои бисёри роҳ чӣ қадар ки хоҳанд, баланд мекунанд. Дар айёми боришот дар роҳҳо об ҷамъ шуда, пиёда гаштан мушкил мегардад”, — изофа кард ҳамсуҳбати мо.
Тӯрдиназар Арзиқулов, сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Бохтар, гуфт, мо таъмиру нигаҳдории беш аз 133 километр роҳро ба уҳда дорем. “Аз ҳамин 71,1 километраш ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошад. Аз 62,2 километр роҳи дигар қисме сангфарш аст, асфалти қисми дигараш вайрону куҳна буда, ҳолати ногувор доранд. Соли 2015 дар марҳилаи аввал 7,2 километр, соли 2017 дар марҳилаи дувум 6,7 километр роҳ таъмири асосӣ шуд. Дар марҳилаи сеюм таҷдиди 12,6 километр роҳ дар назар аст. Таъмири асосии роҳҳои мошингард бо кумаки молиявии Ширкати чинии «Chine Road” анҷом дода мешавад. Вале бо вуҷуди ҷалби сармояи хориҷӣ барои таҷдиди роҳҳои мошингард, ҳанӯз роҳҳои харобгашта дар шаҳр зиёданд”, — афзуд ӯ.
Ба иттилои Иззатуллозода Ҳабибулло, сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар, соли 2019 дар маҷмӯъ ба муассисаи болозикр ихтисоси 1 миллиону 120 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд. “То имрӯз 900 ҳазор сомонӣ пардохт шудааст. Маблағи боқимонда то охири сол пурра ҷудо карда мешавад. Маблағгузорӣ назар ба соли гузашта андаке бештар аст, аммо то ҳол ба ҳадде нест, ки роҳҳои мошингард сад дар сад таъмир шаванд”, — илова кард вай.
Ҳамсуҳбати мо, ҳамчунин, афзуд, ки агар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба буҷети вилоят ҳиссае аз маблағҳои буҷети шаҳрро ба таври солона ҷудо накунад, имкони таъмири роҳҳо боз ҳам бештар мешавад. Онҳо ҳамасола беш аз 30 миллион сомонӣ ҳиссаҷудокунӣ доштаанд.
Аммо Тӯрдиназар Арзиқулов шарҳ дода натавонист, ки аз он 900 ҳазор сомонӣ чанд ҳазор сомонияш барои пардохти музди маоши кормандон, чӣ қадар маблағ барои рангубори хатҳои роҳҳои марказӣ ва чанд ҳазор сомонӣ баҳри таъмири роҳҳо масраф шудааст.
Харобиву вайронии аксар роҳҳои мошингард дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар солҳо инҷониб бартараф намешавад. Ин мушкилӣ танҳо дар сурати зоҳир шудани таваҷҷуҳи амиқ ва маблағгузории кофӣ роҳи ҳал пайдо карда метавонад. Барои ин аз масъулон фақат масъулияти бештар тақозо мешавад.
Машраби Аловиддин,
махсус барои “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ