«Роҳ ба сӯи Тиён-Шон» — ҳамоиши байналмилалӣ дар пойтахт
Дар шаҳри Душанбе зимни ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони «Роҳ ба сӯи Тиён-Шон» масъалаҳои марбут ба роҳу нақлиёт баррасӣ шуд.
Дар он беш аз 300 намояндаи баландпояи мақомоти давлатии Осиёи Марказӣ, аъзои Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, ЭСКАТО, ТРАСЕКА, Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Конфронси байналмилалиро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ифтитоҳ бахшид.
Дар ҷараёни конфронс иштирокдорон ҳолат ва дурнамои рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва ҳамлу нақли мултимодалӣ, рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, барои беҳтар намудани бехатарии ҳаркат дар роҳ: расидан ба ҳадафҳои глобалӣ то соли 2030, тавсеаи робитаҳои нақлиётии давлатҳое, ки роҳи баромадан ба баҳр надоранд, ба бандарҳои баҳрии давлатҳои Осиё ва дигар масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи роҳу нақлиётро баррасӣ намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ