Роҳбандии ронандаҳо дар Ӯзбекистон

Беш аз 50 ронанда 27 ноябр дар ҳудуди маҳаллаи «Охунбобоев», дар маркази ноҳияи Сирдарёи Ӯзбекистон дар эътироз ба камёфт шудани гази табиӣ роҳи мошингарди Гулистон-Тошкандро бастанд.

Ба иттилои шоҳидон, эътирози ронандагон аз соати 9 то 11-и зуҳр идома кардааст. Маъмурони пулис бо истифода аз нерӯ эътирозгаронро пароканда карданд.

Наворҳои фиристодашуда нишон медиҳанд, ки чандин нафар курсиҳоро дар миёни роҳ монда нишастаанд. «Ронандагон аз камбуди гази табиӣ хаста шуданд. Бинобар ин, онҳо ки ягона манбаи таъмини нафақаи хонаводаашон мусофиркашонӣ аст, ба маҳалла омада, роҳро бастанд», — гуфт яке аз эътирозгарон.

Ба гуфтаи иштирокчии дигар, ронандагон гуфтаанд, то намояндаи ҳукумати маҳаллӣ ба назди онҳо наояд, роҳро боз нахоҳанд кард. «Эътирозгарон роҳро соати 11 пас аз он боз карданд, ки намояндаи ҳукумати маҳаллӣ ба назди онҳо рафта, ваъда додааст, ки мушкилро ҳал хоҳад кард. Ронандагон гуфтанд, дар сурати иҷро нашудани ин ваъда дубора даст ба тазоҳурот мезананд», — изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Як намояндаи ҳукумати Сирдарё гуфт, интиқоли гази табиӣ бо сабабҳои техникӣ қатъ шуда буд. «Дастгоҳи нуқтаи фурӯш аз кор мондааст. Дар натиҷа ронандагон ба ғазаб омада, роҳро бастаанд. Онҳо пас аз он ки мо рафта, қазияро шарҳ додем, пароканда шуданд. Нофаҳмӣ ба миён омадааст. Соҳиби нуқтаи фурӯш ваъда дод, ки мушкилро ҳал мекунад», — афзуд вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *