Роҳбари қочоқбарон кушта ва убури ғайриқонунии марз пешгирӣ гардид
Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 13 ба 14 июн дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз як кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ шудааст. Дар ин бора “Ховар” хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ин манбаъ, «гуруҳи қочоқбарони трансмиллии афғон бо сардории шаҳрванди ҶИА бо номи Ҳоҷӣ Абдухолиқ валади Ҳоҷӣ Муҳаммадсиддиқ, тахминан 35-сола, сокини қарияи Навободи вулусволии Чаёби вилояти Тахори ҶИА мақсад доштанд, ки дар минтақаи хизматии дидбонгоҳи сарҳадии «Чубек»-и қисми ҳарбии 0307-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба таври ғайриқонунӣ хати марзро гузашта, миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро ба ҳудуди Тоҷикистон интиқол диҳанд. Қочоқбарон ба фармони гурӯҳи оперативӣ-ҷангӣ дар хусуси таслим шудан, итоат накарда, аз силоҳи оташфишон муқобили онҳо оташ кушоданд. Дар рафти муқобилияти шадиди мусаллаҳона, як қочоқбар безарар гардонида шуд. Нафари дуюм, новобаста аз гирифтани ҷароҳати сабук, бо истифода аз торикии шаб тавонист ба хоки кишвари ҳамсоя фирор намояд. Аз ҷои ҳодиса ҷасади саркардаи қочоқбарон Ҳоҷӣ Абдухолиқ валади Ҳоҷӣ Муҳаммадсиддиқ, бо як адад автомати Калашников, як адад тирдон бо 38 дона тир, як борхалтаи полиэтиленӣ бо 10 баста воситаи нашъадор ёфт ва мусодира шуд.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ