Роҳбари ҷамъияти тоҷикон узви Шӯрои Ассамблеяи мардуми Қазоқистон шуд
Акбарҷон Исмоилов, раҳбари Маркази фарҳангӣ ва этникии тоҷикон дар Ҷумҳурии Қазоқистон охири ҳафтаи гузашта ба Шӯрои Ассамблеяи мардуми Қазоқистон шомил гардид.
Ин тадбир дар ҷаласаи навбатии Ассамблея бо роҳбарии Марат Азилхонов, муовини раисҷумҳури Қазоқистон сурат гирифт ва ӯ узвияти Исмоиловро ба ҳайати иштирокдорон пешниҳод карду якдилона қабул гардид.
Расонаҳои Қазоқистон ҳам аз қавли Марат Азилхонов ҳангоми муаррифии Акбарҷон Исмоилов навиштаанд, ки “аз замони ташкили Маркази фарҳангӣ ва этникии тоҷикони Қазоқистон Исмоилов фаъолнокии худро нишон дод ва ба андешаи ман, дар ҳайати Шӯро як шахси арзандаи нав ҳамроҳ мешавад”.
Пас аз пошхӯрии даврони Шӯравӣ моҳи сентябри ҳамин сол бо ташаббуси тоҷикони муқимии Ҷумҳурии Қазоқистон ин Марказ таъсис ёфт ва аввалин роҳбари он Акбарҷон Исмоилови 33-сола интихоб гардид.
Худи Акбарҷон Исмоилов ҳам дар як тамоси катбӣ бо нашрияи “Тоҷикистон” ин рӯйдодро тасдиқ кард ва гуфт: “Шомил шудани ман ба Шӯрои Ассамблеяи мардуми Қазоқистон ҳам ногаҳонӣ буд ва ҳам як масъулияти баландро дар пеши ман гузошт. Зеро роҳбари ин Ассамблея Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аст ва ба ҳайати беш аз 80-нафараи он раиси Дастгоҳи Президент, муовини раисҷумҳури Қазоқистон, мушовирони Президент, вазири иттилоот ва рушди иҷтимоӣ, фарҳанг ва варзиш, маориф ва илм, ҳокимони Остона, Алмаато, Чимкент ва дигар вилоятҳо шомиланд. Аз ин рӯ, ман бояд ба боварии ҳайат сазовор бошам ва обрӯи тоҷикони бурунмарзиро нигаҳ дорам».
Дар Ҷумҳурии Қазоқистон беш аз 130 қавмияту миллатҳои ғайриқазоқ зиндагӣ мекунанд, ки як ҳиссаи калонро тоҷикон низ ташкил медиҳанд. Ба иттилои Маркази фарҳангӣ ва этникии тоҷикони Қазоқистон, ҳоло дар ҳудуди кишвар бештар аз 100 ҳазор нафар тоҷиктаборон зиндагӣ мекунанд, ки аксарияти онҳо дар ҷануби он муқимӣ шудаанд. Дар он минтақа беш аз 10 мактаби тоҷикӣ низ амал мекунад. Ба гуфтаи таърихшиносон, тақрибан 100 сол пеш тоҷикони Қазоқистон асосан аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дар даврони Шӯравӣ ба онҷо рафта ва дигар барнагаштаанд. Як қисми дигари тоҷиктаборон аз шаҳри Самарқанд рафтаанд. Баъди соҳибистиқолии кишварҳои пасошӯравӣ низ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон бархе аз тоҷикон бо нияти кору зиндагӣ дар он кишвар зиндагиву иқомати ҳамешагӣ ихтиёр кардаанд. Вале дар доираҳои сиёсии кишвар тоҷикон камтар мақом ёфтаанд ва интихоби Акбарҷон Исмоилов ба ҳайати як созмони сиёсатмадорони Ҷумҳурии Қазоқистон рухдоди камназир аст.
Акбарҷон Исмоилов соли 1988 дар вилояти Улутави Қазоқистон таваллуд шудааст. Таҳсили миёнаро дар шимоли Қазоқистон гирифта, соли 2016 Донишгоҳи Мадинаро хатм кард. Ба соҳибкорӣ машғул аст. Ӯ бунёдгузори се ширкати тиҷоратӣ аст. Аз соли 2017 то 2022 роҳбари Маркази тоҷикони шаҳри Остона буд. Аз моҳи сентябри соли 2022 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ