Роҳбари ҷиддӣ ва донишманди фозил
Ҳаёти инсонӣ ба мисоли осмонест, ки бо ситораҳои пурҷилои худ роҳу маконро равшанӣ мебахшад. Ва ин ситорагон аҳли илм, донишмандоне мебошанд, ки чун гавҳари беназиру тобон дар байни мардум зиндагӣ намуда, бо илму заковат ва ҳунару пешаи худ тирагиҳои ҳаётро равшан мекунанд.
Худойназар Асозода, адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор аз зумраи он адабиётшиносони соҳибмактабе ба шумор мерафт, ки дар илми шарқшиносии тоҷик мақому манзалати худро соҳиб гашта, баъди худ шогирдону боргоҳи илму маърифатро бо унвони “Махзани адабии профессор Худойназар Асозода” ба ояндагон боқӣ гузошт. Худойназар Асозода ҳанўз даврони дар қайди ҳаёт буданаш беш аз панҷ ҳазор нусха китоби шахсии худро, ки дар тӯли панҷоҳ соли фаъолияти омӯзгорӣ гирд оварда буд, ба ин махзани илму дониши китобхонаи ДМТ тақдим намуда буд. Ў чун донишманд ва омўзгори асил барои баланд бардоштани дониши назариявию сиёсии худ ва шогирдонаш кӯшиш ба харҷ дода, ба воситаи илму маърифат роҳи миллату кишварашро мехост равшан намояд. Вале афсӯс, ки умр ба ў бақо накард ва 18-уми феврал, дар синни 73-солагӣ, бар асари бемории қалб марги нобаҳангом ўро аз байни мо бурд. Гарчанде имрўз устод ҷисман дар байни мо набошад ҳам, маҳсули илмӣ ва китобҳои навиштааш ўро аз хотираҳо фаромӯш шудан намегузорад.
Худойназар Асозода дар оилаи муаллим чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ соли 1956 баъд аз хатми синфи ҳафтум ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, солҳои 60-уми асри ХХ ин таълимгоҳро хатм кардааст. Муддати се сол бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ сараввал дар Мактаб-интернати шаҳрчаи Ворошилобод ва баъд дар шаҳрчаи Ҷилликӯли ноҳияи Колхозобод дар синфҳои ибтидоӣ дарс гуфта, фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгори мактаби миёна оғоз кардааст. Дертар, соли 1963 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1968 онро бо сари баланд хатм кардааст.
Фаъолияти кории донишгоҳии Асозода ҳамчун лаборанти калони кафедраи забони тоҷикӣ байни солҳои 1968-1970 оғоз мешавад. Саводи хуб ки дошт, бо тавсияи устодон ба аспирантура дохил шуда, байни солҳои 1971-1973 чун аспиранти кафедраи адабиёти советии тоҷики ДДТ таҳсили илм мекунад.
Кору фаъолият дар доираи илмию адабии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) назару андешаи пўёи устод Худойназар Асозодаро ба шинохту фарогирии масъалаҳои гуногуни илмҳои адабиётшиносӣ қувват бахшид. Фаъолияти илмӣ ва омўзгорӣ дар ҳалқаи устодони шинохтае чун Соҳиб Табаров, Додоҷон Тоҷиев, Воҳид Асрорӣ, Расул Ҳодизода ва дигарон чашми ўро ба ҷаҳони пурғановати илму адаби тоҷик кушод ва роҳи минбаъдаи фаъолияти ўро чун шарқшинос муайян намуд.
Моҳи феврали соли 1971 Худойназари ҷавон ҳамчун мутахассис ба Афғонистон сафарбар шуда, то моҳи ноябри соли 1973 ба сифати тарҷумон дар Вазорати геологияи ин кишвар ифои вазифа менамояд. Баъди адои вазифаи хидматӣ таҳсилро дар аспирантура идома дода, 14-уми июни соли 1976 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Симои синфи коргар дар адабиёти советии тоҷик» дифоъ намуда, сазовори номи баланди номзади илмҳои филологӣ гашт.
Баъди бозгашт ба ватан солҳои 1976-1978 ҳамчун ассистент ва муаллими калони кафедраи адабиёти советии тоҷик шуда фаъолияти меҳнатиашро идома додааст. Сафари дуюми хидматиаш ба кишвари Афғонистон ҳамчун тарҷумони гурӯҳи мушовирини Шӯроӣ дар назди Ҳукумати Афғонистон ба байни солҳои 1978-1981 рост меояд.
Баъди гузаштани ин санҷишҳои зиндагӣ Худойназар Асозода ба донишгоҳи азизаш баргашта, то соли 1985 ҳамчун муаллими калон, дотсенти кафедраи адабиёти советии тоҷик шуда кору фаъолияти илмӣ-омўзгориашро давом додааст. Худойназари ҷавони ташнаи илм бо ин дастовардҳои илмии худ қонеъ нагашта, пажўҳишҳои илмии худро боз ҳам вусъати тоза мебахшид. Ҳамин кўшишу талошҳо дар ҷодаи илм буд, ки тақдир ўро ба Маскав овард ва байни солҳои 1985-1988 докторанти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС гашт. 17-уми феврали соли 1989 рисолаи докториашро дар назди Шӯрои дифои Институти шарқшиносии Москва ҳимоя намуда, бо сари баланд ба ватан баргашт. Дар давоми умри пурбаракати худ устод Асозода ҳамчун сарвари масъулиятшинос, ростқавлу поквиҷдон ва дастгири ҷавонон дар вазифаҳои гуногун, ба монанди дотсент, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДДТ (солҳои 1989-1992), муовини аввали ректори Донишкадаи забонҳо (1992-1993), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ (1993-1996), декани факултети филологияи ДМТ (1996-1999), мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (1999-2004), ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (2005-2008), профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ (2008-2010), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ (2010-2012) ифои вазифа кардааст. Солҳои охири ҳаёташ аз моҳи январи соли 2013 профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Профессор Худойназар Асозода дар давоми фаъолияти пурсамари илмию омўзгориаш саҳми худро дар рушди таълиму тарбияи донишҷўён, иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳаи омўзгорӣ ва олимони соҳаи филология дареғ надоштааст.
Профессор Худойназар Асозода яке аз сермаҳсултарин олимони адабётшинос ва нақди адабии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Даҳҳо мақолаҳои илмӣ, беш аз 20 рисола, монография, дастур, барнома, китобҳои дарсӣ ва чанд китоб дар насри мустанад навиштааст. Пажӯҳишҳои ӯ дар бораи эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, дар бораи таърихи адабиёти муосири Эрон ва Афғонистон аз асарҳои муҳими адабиётшиносии тоҷик ва нақди адабии имрӯза ба ҳисоб мераванд.
Хулоса, аз нигоҳи маҳсули эҷодӣ ва мақому манзалат дар илми адабиётшиносии муосири тоҷик Худойназар Асозода аз пуркортарин олимони кишвар баҳисоб рафа, аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузошааст.
Маҷид ҚУРБОНОВ,
декани факултаи филологияи тоҷик,
З. Б. ҚУРБОНОВА,
омӯзгори кафедраи байнифакултавии забонҳои хориҷии ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ