Роҳбари Бонки миллӣ иваз шуд

Президенти Тоҷикистон, бо имзои фармонҳо Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро аз мақоми раиси Бонки миллӣ барканор ва ба ин мансаб Холиқзода Ҳоким Ҳикматуллоро таъйин кард

Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, ки то имрӯз вазифаи муовинии Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро иҷро мекард, ҳамакнун ба курсии раҳбари Бонки миллӣ такя зад.

Дар ҳолномаи Ҳоким Ҳикматулло Холиқзода гуфта мешавад, ӯ муҳосиб, менеҷери молия ва қарз буда, 27 июли соли 1973 дар ноҳияи Ҷ.Румӣ таваллуд шудааст.

Холиқзода  соли 1990 мактаби миёнаи №51 — и ноҳияи Ҷалолиддин Румиро хатм намудааст.

Соли 1994 техникуми молиявӣ — иқтисодии шаҳри Душанберо бо ихтисоси муҳосиб, соли 2004 Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси иқтисодчӣ — менеҷер, соли 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз, ҳамвора соли 2014 Академияи хизмати давлатии назди Презтденти Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунии кормандон хатм намудааст.

Номбурда фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 дар муассисаи хуроки умумии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ба ҳайси муҳосиби дараҷаи 2 оғоз намуда, соли 1996 ҳамчун муҳосиб дар итиҳодияи истеҳсолии ба номи “Зайнаббибӣ” — и шаҳри Душанбе, солҳои 1996 — 1998 ба ҳайси иқтисодчии калони шуъбаи қарзии “Тори — бонк” дар шаҳри Душанбе кор кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” аз соли 1998 шуруъ намуда, дар вазифаҳои хазинадор, муҳосиб оид ба хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, муовини сармуҳосиби Идораи амалиётӣ кор кардааст.

Соли 2005 ба вазифаи сардори Идораи амалиётии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” ва соли 2009 ба вазифаи Директори Департаменти хазинадории Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” таъйин гардида буд.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, аъзои Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” таъйин гардид.

Аз 1 марти соли 2020 Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб шуд ва аз 20 июни соли 2020 бо Фармони президенти Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардид. Оиладор, соҳиби чор фарзанд ва Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *