Роҳбари дастгоҳ 60 000 сомонӣ ҷарима шуд

Холмаҳмад Ортиқов, дар гузашта роҳбари дастгоҳи раиси  ноҳияи Рашт бо пардохти 60 ҳазор сомонӣ ҷарима аз толори суд озод шуд. Ӯ моҳи январи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо ҷурми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуда буд.

Насриддин Низомзода, сардори раёсати тафтишоти Агентии мазкур мегӯяд, ки нисбати Холмаҳмад Ортиқов рӯзи 20-уми январ бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд.

“Парвандаи ҷиноятии шаҳрванд Ортиқов комил гардида, ба Суди ноҳияи Рашт пешниҳод ва бо ҳукми суд ҷазои ҷарима ба миқдори 60 ҳазор сомонӣ тадбиқ карда шуд”,- гуфт Низомзода.

Ёдовар мешавем, ки Холмаҳмад Ортиқов 64-сола аст. Аз соли 2017 то лаҳзаи боздошташ дар мансаби роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт фаъолият мекард. Қаблан мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт низ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *