Роҳбари нави «Алиф Бонк». Гуланор Атобек кист? (аудио)
Раиси нави «Алиф Бонк» Гуланор Атобек таъйин гардид, ки то ин муддат ба ҳайси муовини аввали раис фаъолият дошт.
Бино ба иттилои ҳаммуассиси ташкилоти «Алиф Бонк» Абдулло Қурбонов, роҳбари навтаъйин Гуланор Атобек қаблан ба ҳайси роҳбари намояндагии тоҷикистонии бузургтарин ширкати аудитории Deloitte кор карда, ҳамчунин ҳудуди 20 сол дар соҳаи аудит дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон фаъолият намудааст. Ӯ тӯли 13 сол ширкати аудиторӣ дар Тоҷикистонро сарварӣ намудааст.
Гуланор Атобек дар шаҳри Душанбе дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, мактаби миёнаро дар Хоруғ бо шаҳодатномаи сурх хатм намудааст. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ таҳсил карда, Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дар Бишкекро хатм кардааст. Ба ғайр аз забони модарӣ — тоҷикӣ ӯ бо забонҳои русӣ ва англисӣ озодона ҳарф мезанад. То ба ин вазифа таъйин шудан муовини раиси «Алиф Бонк» буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ