Роҳбари олӣ Путин мешавад

Эҳтимол меравад, ки баъди ислоҳот дар Конститутсияи Русия ба Владимир Путин мансаби “Роҳбари олӣ” дода шавад. Мунтақидони Путин ба он ақидаанд, ки ба ин васила сарвари Русия умри худро дар курсии роҳбарӣ ҷовидонӣ карданист.

Гурӯҳи корӣ барои таҳияи ислоҳҳо ба Конститутсияи Русия пешниҳод кардааст, ки дар Қонуни асосии ин кишвар беш аз сад банди дигар илова карда шавад ва табдили мансаби «президент» ба «Роҳбари олӣ» яке аз онҳост. Ҳамчунин, муаллифони таҳияи ислоҳҳо ба Қонуни асосӣ пешниҳод кардаанд, ки дар номи Русия мақоми “қудрате, ки дар Ҷанги ҷаҳонии дувум пирӯз шуд” илова карда шавад. Дар ин бора Павел Крашенинников, узви гурӯҳи корӣ ва раиси Кумита оид ба давлатсозӣ ва қонунгузории Думаи давлатии Русия ба хабарнигорон иттилоъ додааст.

Владимир Путин аз охири соли 1999 ба ҳайси президент – сарвазир – президент зимоми қудратро дар Русия дар даст дорад. Ҳоло давраи чаҳоруми президентии ӯст, ки баъди чаҳор соли дигар ба поён мерасад.

Пешниҳоди “Роҳбари олӣ” дар Русия дар ҳолест, ки баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ модели доштани «Пешво» ё шахси болотар аз президентро таҷриба мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *