Роҳбари шаҳру вилоятро халқ интихоб мекунад
“Агар ҳар минтақа роҳбари худро интихоб кунад, афзоиши якбораи масъулияти роҳбарон дар назди мардум ва ҷомеаро чашмдор шудан мумкин аст”, — гуфт Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон.
Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон пешниҳод кардааст, ки ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро халқ интихоб кунад. “Ҳокимонро бояд халқ интихоб кунад. Мо ҳатман ин корро мекунем”, — таъкид дошт Президенти Ӯзбекистон.
Шавкат Мирзиёев ҳанӯз моҳи декабри соли 2016 пешниҳод карда буд, ки ҳокимон дар кишвар бояд интихобӣ шаванд.
“Агар ҳар минтақа роҳбари худро интихоб кунад, афзоиши якбораи масъулияти роҳбарон дар назди мардум ва ҷомеаро чашмдор шудан мумкин аст”, — гуфт Президенти Ӯзбекистон.
Бояд қайд кард, ки айни замон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошкандро Президент таъин ва озод мекунад.
Номзадҳои ҳоким барои тасдиқ аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳри Тошканд пас аз машварат бо ҳар кадоме аз гурӯҳҳои ҳизбии маҷлиси дахлдор пешниҳод карда мешаванд.
“Ин таҷрибаро Тоҷикистон низ бояд ҷорӣ кунад. Ин сабаб мешавад, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ба халқ наздик шаванд”, — навиштааст, корбари шабакаҳои иҷтимоӣ Наргис Холова.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ