Вуруди роҳбари созмони «Тонг ҷаҳони»- ба Русия ба муддати 30 сол манъ шуд
Марзбонони Русия Валентина Чупик, роҳбари созмони «Тонг ҷаҳони» ва ҳомии шинохтаи муҳоҷирони кориро ҳангоми бозгашт аз Арманистон дар фурдугоҳи Шереметево ба қаламрави ин кишвар роҳ надодаанд. Ба Чупик хабарномае додаанд, ки дар он гуфта мешавад, вуруди ӯ ба қаламрави Русия то соли 2051 манъ шудааст.
Муҳаммад Собиров, яке аз ҳамкорони Валентина Чупик рӯзи 25-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Валентина ҳамроҳи як корманди дигари ин созмон бо як сафари корӣ ба Арманистон рафта буданд.
«Вақти бозгашт шаби 24-уми сентябр дар фурудгоҳи Шереметево нагузоштаанд ӯ аз марз гузарад ва ба ӯ огоҳинома додаанд, ки то соли 2051 ӯ ҳаққи ворид шудан ба Русияро надорад»,- гуфт Собиров.
Ӯ афзуд, то ба ҳол намедонанд, ки Чупик дар куҷои фурудгоҳ нигоҳ дошта мешавад ва талош доранд макони нигоҳдории ӯро пайдо кунанд. Хабари манъи вуруди ӯро ба Русия ҳамсафари ӯ ба дигар ҳамкорон расонидааст.
Валентина Чупик, шаҳрванди Узбекистон буда, як сол пеш дар Русия санади паноҳандагиро ба даст овардааст. Ҳоло ҳамкорон ва ҳампешагони ӯ нигаронанд, ки имкон дорад мақомоти Русия ӯро ба Узбекистон истирдод кунанд ва ӯ дар ин кишвар мавриди озору азияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шавад.
Бархе аз ҳампешагони Чупик навиштанд, ки ихроҷи Валентина Чупик аз Русия ва бекор кардани санади паноҳандагиаш як навъ «интиқоми мақомоти Русия барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоиҷрони корӣ аст».
Валентина Чупик, танҳо ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия нест, ки мақомоти ин кишвар ихроҷ мекунанд. Тайи чанд соли охир чанде аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла Каромат Шарипов, роҳбари «Созмони муҳоҷирони кории тоҷик», Иззат Амон поягузори созмони «Тоҷикон» дар Маскав, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дифоъ мекарданд бо баҳонаҳои гуногун аз қаламрави Русия ихроҷ шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ