Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Воронеж дар ДМТ

Имрӯз, 24-уми август намояндагони Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Русия таҳти роҳбарии ректори донишгоҳи мазкур Ендовитский Дмитрий Александрович ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. мулоқот намудаанд.

Бино ба иттилои ДМТ, дар зимн ҷонибҳо бобати рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ табодули афкор намудаанд. Ҳамзамон, меҳмонон аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгиранд, боздид ба амал овардаанд.

Дар ҷараёни сафар меҳмонон бо устодону кормандони факултетҳои иқтисодии донишгоҳ, аз ҷумла факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ вохӯрӣ намуда, аз чанд синфхонаю толорҳои илмию таълимӣ дидан кардаанд.

— Рушди ҳамкориҳо дар самти табодули устодону донишҷӯён, баргузории ҳамоишҳои гуногуни илмию амалӣ ва нашри маводи илмӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии вохӯрии устодону кормандони факултетҳои иқтисодии ДМТ бо намояндагони Донишгоҳи давлатии Воронеж буд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *