Роҳбарони палатаҳои кишварҳои аъзои ИДМ ба Тоҷикистон меоянд

Соли 2025 Раёсати Шурои роҳбарони палатаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон вогузор мегардад.

Дар ин бора ба Pressa.tj аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки 17 декабри соли равон раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода дар ҷаласаи XXII Шурои роҳбарони палатаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври онлайн иштирок намуд.

«Дар ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дастгирии соҳибкорӣ, амалӣ намудани ташаббусҳои муштарак барои тақвияти тиҷорат ва сармоягузориҳо, инчунин мубодилаи таҷриба байни палатаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуданд»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *