Роҳхати Шаббос ба Токио-2020

Дар пайи Баҳодур Усмонов Шаббос Негматуллоев роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро сазовор шуд. Дар ин бора яке аз дӯстони Шаббос ба сомонаи pressa.tj хабар дод.

Гуфта мешавад, ки Шаббос, ки 10 март дар қувваозмоии аввали даври бокс-оффи мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Осиё/Уқёнус дар вазни -81кг бар варзишгари Тайланд Йомҳот Ҷаккапонг пирӯз шуд, имрӯз дар қувваозмоии дуюми бокс-офф бар намояндаи Ҳиндустон Сачин Кумар ғалаба кард.

Шаббос дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Тайланд Ҷаккапонг Йомҳот пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Қазоқистон Бекзод Нурдавлатов шикаст хурд.

Дар вазни -81кг аз қораи Осиё/Уқёнус ба ғайр аз Шаббос Негматуллоев Бекзод Нурдавлатов (Қазоқистон), Одаӣ Ал-Ҳиндавӣ (Урдун), Чен Дасианг (Чин) ва Пауло Аукусо (Австралия) ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпиро, ки аз 24 июл то 9 августи имсол дар Токиои Ҷопон баргузор мешавад, пайдо намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *