Роҳи Генерал Мамадризобеков. Аз аскари қаторӣ то ҷониши вазири амният

Яке аз фарзандони диловари сарзамини мо, собиқадори мақомоти амният генерал-майор Давлат Мамадризобеков 85-сола шуд. Роҳи тайкардаи ин афсари шуҷоъ дар ҳимояи Ватан намунаи ибрат барои ҳар ҷавонмарди худогоҳи тоҷик мебошад.   

Даврони душвори кӯдакӣ

Давлат Мамадризобеков 10-уми октябри соли 1938 дар деҳаи Манеми ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст. Онҳо дар оила 4 фарзанд буданд. Даврони кӯдакии ӯ ба солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Илова бар ин, соли 1943 оилаи онҳо саробонашро аз даст дод. Бинобар ин, Давлат ва бародараш Элчибек ба хонаи кӯдакони шаҳри Хоруғ фиристода шуданд. Давлат Мамадризобеков баъдан дар суҳбатҳои хеш аз хонаи бачагон ба некӣ ёд карда, муҳити онро дар ташаккули шахсияти худаш муҳим арзёбӣ мекунад. 

Механики заводи консерва

Тобистони соли 1951 Элчибек ва Давлатро бо чанд нафар аз бачагони хонаи кӯдакон ба Сталинобод оварданд. Элчибек ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ дохил шуд. Давлатро бошад, бо як гурӯҳ ба интернати деҳаи Шурқӯргони Конибодом фиристоданд, ки таълиму тарбия дар он бо забони ӯзбекӣ ба роҳ монда шуда буд. Чун Давлат ҳеҷ гоҳ каломи ӯзбекиро ҳатто нашунида буд, муддате аз таҳсил дур монд.

Дере нагузашта ӯ низ ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар муддати кӯтоҳ соҳиби ихтисоси механик-контролёри таъмири мошинҳои корхонаи консервабарорӣ шуд ва дар комбинати консервабарории Конибодом ба кор пардохт.

Бозгашт ба Хоруғ

Тирамоҳи соли 1953 баъди хатми техникум Давлат Мамадризобековро ба заводи консерваи деҳаи Чептураи ноҳияи Шаҳринав ба сифати ёрдамчии устои сехи асосӣ ба кор фиристоданд. Дар хобгоҳи завод ӯ соҳиби ҳуҷра шуд. Маоши хуб, илова бар ин, ҳар моҳ ду-се банка мураббо ва комбинезони нав мегирифт, ки он замон камёфт буд.

Ҳама чиз гӯё хуб буд, вале Давлат таҳсил кардан мехост. Бинобар ин, аввал ба мактаби шабона дохил шуд ва соли 1956 бо даъвати бародари калониаш Ниятбек ба зодгоҳ баргашт ва ба мактаб-интернати Хоруғ ҷалб шуд.

Мактаби шуҷоат

Соли 1958 Давлат Мамадризобеков мактаби миёнаро хатм карда, тирамоҳ ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуд. Хизматро дар шаҳри Ашқобод бо сари баланд сипарӣ намуда, соли 1961 бо рутбаи лейтенанти хурд ба захира фиристода шуд. Мегӯяд, ки хизмати ҳарбӣ барояш мактаби шуҷоат ва мардонагӣ буд.

Баъди адои хизмат ба Душанбе баргашт ва ба ҳайси инструктори тарбияи ҷисмонии заводи нонпазии Душанбе ба кор пардохт. Дере нагузашта котиби комитети комсомолии ин коргоҳ интихоб шуд.

Тавсияи Муханин

Дар ин комбинат Иван Сергеевич Муханин ном котиби ташкилоти партиявӣ кор мекард. Ӯ таҷрибаи зиёди фаъолият дар ниҳодҳои амниятӣ, аз ҷумла дар хориҷаро дошт. Аз рӯзҳои аввали фаъолият ӯ Давлатро зери чашм карда, бо ӯ дӯст шуд ва аз фаъолияти хизматии хеш дар амният нақлҳои ҷолиб мекард. Махсусан, аз солҳои хизматаш дар хориҷи ИҶШС. Давлат ҳам он нақлҳоро ба завқ гӯш мекард.

Рӯзе Муханин аз ӯ пурсид, ки “мехоҳед дар мақомоти амниятӣ фаъолият кунед?”. Давлат, ки аз нақлҳои ҷолиби ӯ мафтун шуда буд, гуфт: “Оё ман барои хизмат дар мақомоти амният мувофиқам?”. Муханин гуфт: “Дар ин кор поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ ва адолат лозим аст. Шумо чунин хислатҳоро доред, муҳим ки дар оянда онҳоро аз даст надиҳед».

Ҳамин тавр, Давлат Мамадризобеков зинаҳои мухталифро гузашта, ба мактаби амнияти шаҳри Минск дохил шуд.

Хизмат ба Ватан

Моҳи сентябри соли 1963 Давлат Мамадризобеков баъди хатми мактаби амният бо рутбаи лейтенантӣ ба Ватан баргашт. Ӯро раиси хадамоти амнияти кишвар Свигун Семён Кузмич қабул кард ва баъди суҳбати кӯтоҳ барои хизмат ба Ишкошим фиристод. Ҳамин тавр, фаъолияти ӯ дар мақомоти амнияти кишвар оғоз шуд.

Баъди чанд соли фаъолият дар Ишкошим соли 1969 ба Душанбе даъват шуд ва то соли 1980 дар идораи марказии КГБ Тоҷикистон дар вазифаҳои масъул фаъолият дошт. Аз соли 1980 то соли 1987 сардори Раёсати КГБ-и Тоҷикистон дар вилояти Кўлоб буд. Дар ин давра фаъолияти ӯ хеле пурсамар буд. Аз тиме, ки дар Кӯлоб Давлат Мамадризобеков роҳбарӣ мекард, чанд нафар дар оянда ба рутбаи генералӣ расиданд, аз ҷумла Саидамир Зуҳуров, Худойқул Ҳамроқулов, Эркин Муҳиддинов, Абдураҳмон Азимов, Сафаралӣ Сайфуллоев, Геннадий Соловёв ва ғ.

Афғонистон

Хизмат дар Афғонистон давраи аз ҳама ҳассоси фаъолияти Давлат Мамадризобеков аст. Ӯ аввал, солҳои 1987-89 роҳбари гурӯҳи оперативии минтақаи «Шимолу Шарқ» — намояндагии КГБ СССР дар Афғонистон буд. Ба ин минтақа гурӯҳҳои фаврӣ аз вилоятҳои Бағлон, Бадахшон, Қундуз ва Тахор шомил буданд. Вазифаи Мамадризобеков ҳамоҳангсозии фаъолияти ин гурӯҳҳоро таъмин намуда, дар якҷоягӣ бо мақомоти амниятии Афғонистон дар ин қаламрав анҷом додани корҳои оперативӣ буд.

Соли 1989 нерӯҳои Шуравӣ аз Афғонистон хориҷ шуданд ва гурӯҳи Мамадризобеков шаш моҳи дигар дар он ҷо фаъолияташро идома дод.

Барои хизматаш бо Укази Президиуми Совети Олии ИҶШС бо ордени “Ситораи Сурх” ва баъдан бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Афғонистон бо ордени “Ситораи дараҷаи якум” мукофотонида шуд.

Ёвари сафир

Соли 1990 Давлат Мамадризобеков ҳамчун афсари соҳибтаҷриба ёрдамчии сафири ИҶШС оид ба бехатарӣ дар Афғонистон таъйин гардид. Дере нагузашта Иттиҳоди Шуравӣ барҳам хӯрд ва ӯ ёрдамчии сафири Русия оид ба бехатарӣ таъйин шуд.

Дар он шабу рӯз вазъият муташанниҷ буд. Аз як тараф барҳамхӯрии ҳукумати Шуравӣ ва дар заминаи сафорати ИҶШС ташкил шудани сафоратхонаҳои кишварҳои ИДМ, аз ҷониби дигар вазъ дар Айғонистон мураккаб шуд. Чанд маротиба ба сафорат ва кормандони он ҳамла сурат гирифт. Аввали моҳи август се намояндаи тиҷоратӣ дар ҳудуди сафорат ба қатл расонида шуданд.  

Ин ва дигар воқеаҳо сабаб шуду моҳи августи соли 1992 Борис Елтсин фармон дод, ки сафорати кишвар аз Афғонистон бароварда шавад.

Дар муддати кӯтоҳ анҷом додани корҳои зиёде лозим буд. Нахуст ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва лавозимоти махфӣ бояд нобуд шуда, бинои сафорат ва моликияти он ба мақомоти Афғонистон супорида мешуд.

Баъди анҷоми ин корҳо 27-уми август корвони сафоратхона бо кормандон ва чизу чораашон ба Фурудгоҳи Кобул роҳсипор шуданд. Аз Москва то соати 5 бояд 4 тайёраи ИЛ-76 ба Кобул меомад.

Тайёраи нахустин бо гурӯҳи 60-нафара парвоз кард. Вале дар баробари расидани тайёраи дуюм ҳамлаи мушакӣ оғоз шуд. Ҳавопаймо осеб дид. 60 нафар кормандони сафорат бо шумули сафир, ҳамсараш, мушовирону ҳамсаронашон ба таҳхонаҳои фурудгоҳ паноҳ бурданд. Дигар имкони парвоз аз фурудгоҳи Кобул набуд.

Бинобар ин, бо пешниҳоди Давлат Мамадризобеков нимаи дуюми 28-уми август ҳайат бо тайёраи хурд аввал ба шаҳри Мазори Шариф ва аз он ҷо ба Ватан расиданд.

Барои бе талафот баровардани сафорати Русия аз Афғонистон Давлат Мамадризобеков бо Ордени «Барои ҷасорати шахсӣ» қадрдонӣ шуд.   

Солҳои мушкил барои Ватан

Бо вуҷуди он ки Давлат Мамадризобеков имкони мондан ва идома додани фаъолият дар Русияро дошт, аввали моҳи октябри соли 1992 ба Ватан баргашт.

Дар ин давра Тоҷикистон дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ ва дар вартаи нобудӣ буд. Кумитаи амният нақшаи муайяни фаъолият надошт.

Вале хушбахтона, дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурӣ  генерал Саидамир Зуҳуров роҳбари Кумитаи амнияти миллӣ интихоб шуд. Бо омадани ӯ марҳалаи нави фаъолияти ин ниҳод оғоз ёфт. Дар як муддати кӯтоҳ ба ӯ муяссар шуд, ки ҳайати Кумитаро муттаҳид созад. Афсарони соҳибтаҷрибаро ба кор ҷалб карда, барои наҷот додани Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ даст ба кор шавад. Дар ин кор Давлат Мамадризобков дар паҳлуи ӯ қарор гирифт. Он солҳо кори Кумитаи амният аз салоҳиятҳояш фаротар рафта, нерӯи он барои мубориза бо неруҳои иртиҷоӣ равона шуда буд.

Моҳи марти соли 1993 Давлат Мамадризобеков сардори бозрасии назди раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон таъйин шуд. С. Зуҳуров дар назди ӯ ва дастааш вазифа гузошт, ки дар муддати кӯтоҳтарин санадҳои меъёрию ҳуқуқии фаъолияти мақомоти амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намоянд, ки ӯ ин корро ба зудӣ иҷро кард. 

Соли 1996 Давлат Мамадризобеков ба вазифаи ҷониши вазири амнияти Тоҷикистон таъйин шуд ва соли 1998 рутбаи генералиро сазовор гардид. Баъдан, барои хизматҳояш дар тақвияти амнияти кишвар бо ордени “Спитамен” қадрдонӣ шуд.

Ҳамсафари ҳаётӣ

Достони зиндагии генерал-майори мустаъфӣ, корманди фахрии КГБ ИҶШС, дорандаи Ордени “Нишони фахрӣ” ва “Ситораи сурх” Давлат Мамамадризобеков тӯлонӣ аст ва онро дар як матлаби хурд ҷой кардан имкон надорад. Он чӣ имрӯз ёдоварӣ кардем, муште аз хирвор аст.

Феълан Давлат Мамадризобеков давлати пирӣ меронад. Бо ҳамсараш  дар Москва зиндагӣ мекунад ва узви Шурои ветеранҳои Русия аст. Мегӯяд, ки ҳамсари хубаш яке аз муваффақиятҳои зиндагиаш буд: “Завҷаи ман Мамадризобекова Вера Петровна дар тӯли зиндагиам ҳамеша бо ман буд. Касби ӯ муаллимист ва дар мактабҳои шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб ва Душанбе муаллимагӣ кардааст. Боре ҳам нашудааст, ки аз хизмати ман дар сохтори амниятӣ норизогӣ карда бошад ва ҳамеша дар зиндагӣ ёру мададгорам буд. Се маротиба ба Афғонистон, ба назди ман рафта, як муддат дар он ҷо зиндагӣ кард. Ҳатто дар рӯзи душвори баровардани сафорати Русия аз Кобул ӯ ҳамроҳам буд. Ман аз ҳамсарам миннатдорам, зеро фарзандонамро хуб тарбия кард”.

Генерал Давлат Мамадризобеков мегӯяд, аз он ки зиндагиашро сарфи хизмат ба Ватан кард, розист ва имрӯз бо Тоҷикистони обод ифтихор мекунад.

О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *