Роҳи кӯчаи Қаҳҳоров барои ҳаракати нақлиёт қисман боз шуд
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки баъд аз анҷомёбии корҳои таъмирӣ маҳдудияти ҳаракати нақлиёт аз хиёбони Ҳ. Шерозӣ то кӯчаи А. Қаҳҳоров бекор карда шуд. Акнун ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд, аз он истифода намоянд.
Маҳдудият дар ин кӯчаи пойтахт 15-уми сентябри соли 2023 ҷорӣ гардида буд ва интизор мерафт, ки он то 25-уми декабри соли 2023 идома ёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ