Роҳи метро аз дохили бино мегузарад
Оҳ, ин чиниҳо, чи чизҳоеро фикр намкунанду намесозанд. Ростӣ ин ҳунар аст, ки инсон аз чизи набудае як чиз месозад. Ҳамин ҳикматро бештар дар мардуми Чин амалан дидан мумкин аст.
Гоҳо дар ин сарзамин кас ба чунин муъҷизаҳое рӯёрӯ меояд, ки дар назди санъати офаридаи онҳо ангӯшти ҳайрат мегазад. Ба ҳамин хотир мардуми шаҳри Чунтсинаи Чин метавонанд бо он бифахранд, ки дар дар шаҳраки онҳо як биное ҳаст, ки аз нуқтаи назари меъморӣ чандон оддӣ нест.
Ба тарроҳон лозим омад, ки таҷрибаи ҷасурона анҷом бидиҳанд — роҳи оҳани монорелиро тавассути як бинои баландошёнае, ки одамон дар он зиндагӣ мекунанд, гузаронд. Роҳро аз паҳлӯи ин бинои 19-ошёна гузаронидан ё онро вайрон кардан ғайриимкон буд.
Бинобар ин мутахасисон ба хулосае омаданд, ки бояд метро аз дохили он бигзарад. Ва тамоми чораҳои бехатарии сокиноро ба инбат гирифта ин нияти хешро амалӣ карданд. Шумо инро метавонед бо чашми худ дид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ