Роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон қиммат шуд (нархнома)

Нархномаи  роҳи пулакии Душанбе — Чаноқ боз ҳам қиматтар мешавад. Дар ин бора ширкати IRS, ки масъулияти нигоҳубини ин масирро бар уҳда дорад, хабар додааст.

Ширкат 22-уми декабр дар сафҳаи «Facebook»-и худ бо нашри нархномаи нав аз гарон шудани хидматрасонӣ дар роҳи Душанбе — Хуҷанд хабар дод.

 Тағйирот аз  1 январи соли оянда ба назар гирифта шудааст. Аз ҷадвали нашрнамудаи ширкат чунин бармеояд, ки нархҳо дастикам 50 фисад ва дар баъзе плазаҳо, аз ҷумла дар плазаи «Варзоб» то зери 70 дарсад ва дар «Деҳмой» қариб ду баробар боло бурда мешавад.

Ин ширкати сабаби гарон намудани таъруфаҳоро ба сохтмони корхонаҳои асфалт, хариди техника ва харҷи зиёди маблағ барои нигоҳубини масири мазкур рабт дод.

Ширкат гуфтааст, ки таъруфаҳои нав аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудаанд.

Ширкати IRS, ки ҳоло масъули нигоҳубини роҳ ва ҷамъоварии пул аз хадамоти он аст, соли 2009 дар минтақаи офшори Вирҷинияи Бритониё сабти ном гаштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *