Роҳи Туркия ва Чин боз шуд

Икром Субҳонзода, раҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 6 октябр дар мусоҳиба бо “Ховар” хабар дод, ки Тоҷикистон парвозҳоро бо Чину Туркия дубора шурӯъ мекунад ва масъалаи аз сар гиирфтани парвозҳо бо пойтахти Ӯзбекистон низ дар дасти баррасӣ қарор дорад. Парвозҳо байни Душанбе ва Урумчӣ дар ду ҳафта як маротиба анҷом шуда, ин парвозҳоро бо навбат аз тарафи Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва аз ҷониби Чин ширкати «China Southern Airlines» анҷом хоҳанд дод.

Ҳамин тавр, байни Душанбе ва Истанбул низ парвозҳо ҳафтае ду маротиба сурат гирифта, як парвозро «Сомон Эйр” ва яки дигарро ширкати туркии «Turkish Airlines» анҷом медиҳанд.

Ширкати «Сомон Эйр” рӯзи 6 октябр эълон кард, ки парвозҳояш дар хатти Душанбе –Истанбул –Душанбе ҳар рӯзи панҷшанбе (аз Душанбе соати 06:00, аз Истанбул соати 10:45 ба вақти маҳаллӣ) сурат гирифта, фурӯши чиптаҳоро ба парвози якум, ки қарор аст, рӯзи 8 октябр анҷом шавад, алакай оғоз кардааст. Ба мусофирон зарур аст, ки санади ташхиси коронавирус, ки на дертар аз 96 соат пеш аз парвоз гирифта шудааст, дошта бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *