Роҳи занон ба ВАО баста шуд!

Ин нахустин маҳдудияти Толибон дар бахши рӯзноманигорӣ дар Афғонистон нест ва сензураи ин гурӯҳ рӯз то рӯз беш мешавад.

afjc.media менависад, кирӯзи 25-уми феврал Абдулрашид Умарӣ, фармондеҳи амниятии Толибон дар Хуст, тамоси духтарону занон бо радиову телевизионҳоро манъ кард. Дигар дар ин вилоят бонувон наметавонанд бо рӯзноманигорон тариқи телефон ҳамсуҳбат шаванд. Инчунин, занҳо наметавонанд ба радиову телевизионҳо мактуб нависанд ва дар сурати навиштани мактубу хонда шудани он аз ҷониби рӯзноманигор ҳарду ҷониб ҷазо мегиранд.

Омор:

Дар асоси иттилои Созмони пуштибонӣ аз расонаҳои озод дар Афғонистон (NAI), аз замони сари қудрат омадани Толибон дар кишвар фаъолияти 281 расона қатъ шуда, аз 11 ҳазору 858 корманди расонаҳо ҳоло ҳамагӣ 4500 нафари онҳо дар Афғонистон фаъолият доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *