Роҳкиро аз халта: Таноби дағалгапу изофагирро кӣ мекашад?

Ба таваҷҷуҳи раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода

Шоми 25 октябр, аз  истгоҳи “Автовокзал”-и шаҳри Хуҷанд ба автобуси №5 савор шудам. Нишастам намегӯем, чунки ҳолате нашудааст, ки дар курсии автобуснишаста, бароҳатба маконам рафта бошам. Шомгоҳон дар ҳама ҷода серодамӣмушоҳида мешавад. Автобус одамонро савор мекарду чашми гуруснааш сер намешуд.

Зани мардирода

Ба истгоҳи бозори Панҷшанбе расида будем, ки як зани тахмин 50 -солае бо ду халтаи бордор ба автобус савор шуд. Ба кондуктор 5 сомонӣ дароз кард. Кандуктор барои се кас роҳкиро гирифт. Вақте зан сабаби кам додани бақияи роҳкироро пурсид, кондуктори ҷавон (ба акс нигаред) ҳатто эҳтироми синну соли зан ва тақрибан 100 нафар мусофирони дохили нақлиётро накарда, ба додгӯӣ сар кард:

-Чӣ хел кам. Пули ин сумкоя кӣ метияд? Ин сумкотон ҷои ду одама гирифта истодас…

Ин ҳам дар ҳолест, ки зани бечора худаш ҳам боазоб рост меистоду базӯр нафас мекашид. Мусофире тарафи ин занро гирифта,аз  кандуктор пурсид:

-Дар кадом асос барои ду халтаи сабуки дастӣ роҳкиро мегирӣ? Шом, ки шуд,мардум барои хонааш маҳсулот мехарад-дия. Дар куҷои қонун гуфта шудааст, ки барои як халтаи дастадор ҳам роҳкиро гирӣ? Тез пули вай занро баргардонда,  деҳ!

Хулоса, ин зани мардирода бо вуҷуди ин ҳолатро мушоҳида карда, бетараф истодани даҳҳо мард бо кондуктор баҳс мекард. Кондуктор “қонун- понун нагӯ.Бораш ҳай, пулаша гирифтан мегирам. Ту худата дон, корат чӣ дигар одамова” гӯён, “ШУМО” не “Ту” гуфта ба ин зан ҳам ҷанг кард…

“Аз дастат чизе намеояд!”

Вақте банда ба баҳс ҳамроҳ  шудам, дар сафи он ду зан маро ҳам ба таври худ як нӯл зада гуфт: “Ман туборинакоро зиёд дидагӣ, аз дасташон ягон чӣ намеояд. Бисёр гап назан, аз дастад чизе меояд?… Чӣ коре кунӣ кардан гир…”

Шояд ин ҷавон ҳам дилпур буд, ки борҳо “хараш аз об хушк баромадааст”. Барои ҳамин бо боварии том “ту боринакҳо” гуфта инқадар одамро паст мезад ва аз “қонунӣ” будани рафтораш ва изофапулӣ гирифтанҳояш дилпур буд.

Вале масъулини Корхонаи давлатии коммуналии “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” ва дигар масуълин, ки бевосита ба масъалаи нақлиёти ҷамъиятӣ сарукор доранд, таноби чунин дағалгапу изофагиракҳоро мекашида бошанд? .

Аз дасти мо ба қавле кандуркор “чизе намеояд”. Аммо аз дасти он меомадагист охир!

Муаммои наву куҳнаи автобус

То  як соли қабл, яъне то дами ворид шудани автобусҳо ба шаҳри Хуҷанд мушкили 5 сол боз амалӣ нашудани вориди автобусҳо аз даҳон ба даҳон мегашт.

Аммо аз  моҳҳои май-июни соли 2018  баъди ворид шудани нахуст автобусҳо мушкили дер омадан, мушкили ба дарс ва кор дер мондани сокинон, тамбашавӣ, вайрон будани мувозинати роҳкиро (то Ғафуров 2 сомонӣ роҳкиро гирифта барои як сомонӣ чек медод), мавҷуд набудани самти ҳаракат ба микроноҳияҳои гуногуни шаҳр ва ғайра  ба миён омад.

Сокинон умедвор буданд,  ки бар ивази ба якборагӣ решакан кардани микроавтобусҳо (то дами теъдоди автобусҳо зиёд шудан баъзе миёроавтобусҳо фаъолият мекард, шикояти  мардум  камтар буд) шумораи автобусҳо зиёд ва ниёзи мусофирин бароварда мешавад.

Баъди ворид шудани  автобусҳо се бор нишасти хабарӣ баргузор шуд (нимсола ва солонаи соли 2018 ва нимсолаи соли 2019), ки масъалаи автобус саволи мубрами нишаст ба шумор мерафт. Шояд дар нишасти хабарии навбатӣ низ ин  масъала саволи асосӣ шавад. Зеро сомонаҳои иҷтимоӣ собит мекунанд, ки мардум аз вазъи имрӯзаи хизматрасонӣ дар автобусҳошадидан интиқод мекунанд. 

Боз ҳамон интизорӣ…

Бо вуҷуди нигарониҳо мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд гӯё бартараф намешавад. Дар баъзе хатсайрҳо то 1 соат интизорӣ бояд кашид, вале автобус меояд, аммо пур. Кондукторҳо одамонро гӯё бастаҳои ҳасиб бошанд, ба автобусҳои «резинӣ» бор мекунанду бор. Болои сӯхта намакоб, бо овози баланду муносибати қабеҳ табъро хира мекунанд.

Муҳтарам масъулин ба хотири чӣ хизматрасонии автобусро ҷорӣ намудед? Ба хотири ҳалли мушкилот ё дучанд кардани он?! Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, масъулин бояд дар хидмати халқ бошанд. Аз ин лиҳоз, масъулин бояд дар хидмати халқ бошанд, на халқ баҳри тиҷорати касеву ширкате қурбон шаванд…

Баҳри беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ миқдори автобусҳоро бояд зиёд кард. Тибқи соати муқарраршуда фаъолияташонро ҷорӣ намуд.Мушкилоти дигар дар  кондукторон аст.Маълум аст, ки аксарияти онҳо тасодуфӣ интихоб шудаанду кӯчагиянд. Бояд тарзи муносибат ва рафторро ба онҳо нишон дод. Хуб мешуд, ҳангоми интихоб аз ҷиҳати ахлоқӣ, аз қабили муносибату муошират, имтиҳон гирифта шавад.

Зимнан, ҳамарӯза ҳазорон сайёҳ аз мавзеъҳои Хуҷанд  дидан ба амал меоранд, пас аз истифодаи хизматрасонии автобусҳо бо кадом таассурот мерафта бошанд? Саволи матраҳ ин аст, ки оё мардуми шарифи Хуҷанд назди масъулин қадр ва эътибор надоранд, ки ин қадар «бузкашиҳо»-ро ба по кардаанд?

Мақсади мо аз ин нота ислоҳи вазъ аст. Мардум қадр доранд, бояд масъулин баҳри беҳбудии хизматрасонии нақлиёт талош намоянд.

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *