Роҳзанӣ дар вокзали роҳи оҳан
Тавре ВКД хабар медиҳад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 17 ва 19-солаи сокинони ноҳияи Рашт ва шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, санаи 25-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 22-40-дақиқа, дар назди бинои вокзали роҳи оҳани ш.Душанбе бо се ҷавони 17-солаи сокинони ноҳияи Қубодиён дарафтода, номбурдагонро зери лату кӯб қарор додаанд.
Сипас бо истифодаи таҳдиди зӯроварӣ ба воситаи таппончаи бозичавии кӯдакона аз онҳо 50-сомонӣ пули нақд ва телефони мобилии тамғаи «Самсунг Ҷ-5”-ро, ки арзишаш 1600-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ