Роҳандозии маҳдудияти мавсимӣ дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ
Бо дарназардошти фаро расидани мавсими гармо, шурўъ аз 1 май то 31 августи соли равон дар сурати аз 25 дараҷа зиёд будани ҳарорати ҳаво дар роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад.
Бо дарназардошти фаро расидани мавсими гармо, шурӯъ аз 1 май то 31 августи соли равон дар сурати аз 25 дараҷа зиёд будани ҳарорати ҳаво дар роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад, хабар медиҳад маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, барои эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад.
Бояд тазаккур дод, ки чунин тадбирандешӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Ибтикори зикршуда муҳиму саривақтӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои рисолаташон собитқадам буда, бо дарки масъулият онро иҷро мекунанд.
“Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки аз оғози фаъолият инҷониб аз тарафи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» рисолати ба зиммадошта мунтазам, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуда истодааст. Дар ҳамин ҳол сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкат, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба вуҷуд омада, сабаби нигаронӣ гардидааст. Филиали Ширкат, ки барои давраи муайян нигоҳдории роҳи мавриди назарро ба зимма дорад, баҳри дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он мунтазам тадбир меандешад”, — омадааст дар иттилоия.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ